Мактаберо дар Ҳисор ба номи полковники дар марз ҳалокшудаи КДАМ гузоштанд

Полковники Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Рустам Убайдуллоев соли 2019 барои ҳифзи ватан дар марзи Қирғизистон кушта шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 июн - Sputnik. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами № 57 дар деҳаи Баракати шаҳри Ҳисор ба номи полковнике, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон кушта шуд, табдили ном кард.
Марҳум, Рустам Убайдуллоев, полковники Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ мебошад, ки дар ҳамин муассиса таҳсил мекард. Ӯ соли 2019 дар як таниши марзӣ аз ҷониби қирғизҳо кушта шуд.
Таниш дар марз: аз чӣ оғоз шуду ба чӣ расид
Котиботи раиси шаҳри Ҳисор хабар медиҳад, ки ба аёдати хонаводаи полковники шаҳид, Шарифҷон Ҷумъазода раиси шаҳри Ҳисор рафтааст. Гуфта мешавад, ба модари марҳум, ки дар натиҷаи беморӣ аз пои равон маҳрум шудааст, аробачаи маъюбӣ тақдим намудааст ва ҳамчунин барои таъмини рўзгор ба ин хонавода маводи хўрока кўмак кардааст.
Раиси шаҳри Ҳисор зимни аёдати ин хонавода изҳор доштаст, ки қаҳрамонии фарзанди онҳо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад ва ҳукумату давлат баҳри ҷонфидоии Убайдуллоев хонаводаи ӯро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад.
Кумаки мақомоти Хатлон ба хонаводаи сарбози ҳалокшуда дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон
Ёдовар мешавем, ки ин даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 16 сентябри соли 2019 рух дод, ки дар натиҷа се сарбози тоҷик аснои ҳифзи марзу бум шаҳид шуданд.
Таниш дар марз: аз чӣ оғоз шуду ба чӣ расид
Ҳалокшудагон - коменданти сарҳадии ҷамоати Овчӣ-Қалъача подполковник Убайдуллоев Рустам Амонуллоевичи 35 - сола, сокини шаҳри Ҳисор, сарбози қаторӣ Исломов Рамазон Аҳмадовичи 21 - сола, сокини деҳаи Кирови ҷамоати Чоргултеппа (ноҳияи Вахш) ва сарбози қаторӣ Суванов Ғиёсиддин Наҷмиддиновичи 19 - сола, сокини деҳаи Тӯйчиеви ҷамоати Зарбдор (шаҳри Турсунзода) мебошанд.