ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Душанбе мулоқоти Ҷумъахонзода Ҷамшед, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, бо Рашид Имтиёз, атташеи тиҷоратии Сафорати Покистон дар Тоҷикистон сурат гирифт.
Бино бар иттилои дафтари матбуоти палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, зимни мулоқот тарафҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Покистон, густариши ҳамкориҳои байнипалатавӣ ва иштироки доираҳои соҳибкорон ва ширкату корхонаҳо дар намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳои тиҷоратии дар қаламрави кишварҳои якдигар баргузоршавандаро мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор доданд.
Манбаъ таъкид доштааст, ки раиси Палата Ҷумъахонзода Ҷамшед ташкили корхонаҳои муштарак дар Минтақаҳои Озоди Иқитисодии кишварро муҳим арзёбӣ намудааст.
Вай таъкид кардааст, ки дар ҳоли ҳозир як ҳайати соҳибкорони Покистон барои аз наздик шинос шудан ба имконияту имтиёзҳо ва фазои мусоиди сармоягузориву соҳибкорӣ вориди Тоҷикистон шудаанд.
Ёдрас мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Покистон 6 июни 1992 барқарор шуд.
Соли 1993 Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Душанбе боз гардида, фаъолияти он аз ибтидои 1994 оғоз шуд.
Дар 11 моҳи соли 2020 гардиши мол байни ду кишвар ба 16,2 млн. расид, ки аз он содирот 6,6 млн. доллар ва воридот 9,6 млн. долларро ташкил дод.