ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе эълон намудааст, ки рӯзи 2 июн бинобар гузаронидани корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе кӯчаҳои пойтахт барқ хомӯш мешавад.
Ба иттилои манбаъ, неруи барқ аз соати 09:00 то 17:00 муваққатан қатъ мегардад.
"Аз ҷумла маҳаллаҳои Сариосиёб, Меҳнат, Сурхоб ва Даҳанаи ноҳияи Сомонӣ бебарқ мемонанд", - омадааст дар хабар.
Ҳамчунин, кӯчаҳои Садриддин Айнии ноҳияи Шоҳмансур ҳам муддати 8 соат аз истифодаи неруи барқ маҳрум мешаванд.
Сокинони маҳаллаҳои Гулпарвар ва Чимтеппаи ноҳияи Фирдавсӣ низ дар ин муддат бе неруи барқ мемонад.
Манбаъ меафзояд, барқи сокинони маҳаллаҳои Испечак, Сомонӣ, Ҷамила ва Якачинор низ хомӯш мешавад.
Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе таъкид намудааст, ки маҳдудияти интиқоли неруи барқ муваққатӣ буда, сабаби он таъмири таҷҳизоти энергетикӣ мебошад.