Тамоку хатари гирифторшавӣ ба коронавирусро меафзояд

Роспотребнадзор мегӯяд, тамокукашӣ хатари гирифтор шудан ба маризии коронавирусро зиёд мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 май— Sputnik. Сигор хавфи сироят ёфтан ба маризии коронаиврусро афзун мекунад, мегӯяд Роспотребнадзор.
Ба гузориши ин ниҳод, ҷараёни беморӣ дар нафароне, ки сигор мекашанд, шадид мегузарад.
Чои гарм боиси касалии саратон мешавад?
Тибқи маълумоти мавҷуда, тамокукашон ба бемории шадиди COVID-19 гирифтор мешаванд. Истифодаи тамоку хавфи сироятёбии вирусро тавассути даҳон зиёд мекунад. Дар сурати сироят ёфтан, тамокукашон хатари бемории шадидтар доранд, зеро шушҳояшон аллакай осеб дидаанд ", - омадааст дар хабар.
Зимнан, зикр гардидааст, ки кашидани тамоку бо филтр низ бехавф нест, зеро он наметавонад аз моддаҳои зараровар ҳимояи комил кунад.
"Зарари тамокукашӣ барои ҳама гуна сигорҳо яксон аст. Тамокукашии дарозмуддат ба бемориҳои узвҳо ва системаҳои гуногун оварда мерасонад", - қайд мекунад Роспотребнадзор.
Ғайр аз он, тамокукашӣ метавонад дар ягон узв боиси пайдо шудани саратон гардад. Он инчунин ба дил ва гардиши хун зарар мерасонад, хавфи бемориҳои дил, сактаи мағз лахташавии хунро зиёд мекунад.
Тибқи иттилои агентӣ, тамокукашӣ боиси 84 дарсади фавт аз саратони шуш ва 83 фисад аз бемориҳои музмини обструктивии шуш мегардад. Сигор ҳамчунин умри мардро тақрибан 12 сол ва аз занҳоро 11 сол кӯтоҳ мекунад.