ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Садамаи маргбор дар роҳи Тюмен - Хантимансийск, ки се кушта барҷой гузошт, бо айби ронандаи Lada XRAY рух додааст, хабар дод нозироти роҳи вилояти Тюмен.
Бар асоси иттилоияи нозироти роҳ, ронандаи Lada XRAY барои пеш гузаштан аз мошини боркаш ба хатти муқобили ҳаракати роҳ баромадаааст. Ронандаи Toyota Corolla барои ҷилавгирӣ аз бархӯрд сӯи канори роҳ ҳаракат кардааст, аммо мошин якбора ба хатти муқобили ҳаракат партофта шудааст, ки он ҷо бархӯрд бо мошини дуюми Toyota Corolla ва мошини боркаши DAF рух додааст.
Манбаъ таъкид намудааст, ки дар натиҷа фура ва Toyota Corolla, ки аз бархӯрд бо Lada канорагирӣ кардааст, ба хамии канори роҳ афтидаанд.
Сабт, ки ронандаи Lada ҳолати садамавӣ сохта, ҳаракатро давом додааст, аз ҷониби ронандаи як мошини боркаш ба идораи нозироти роҳ пешниҳод шудааст. Инчунин ронандаи мошини боркаш, ронандаи Lada-ро, ки ҳолати садамавӣ сохта, ҳаракатро идома додаст, таъқиб намуда, ба бозгашт ба ҷои ҳодиса водор намудааст.
Аз оилаи ҷавоне, ки дар ин садама ҷон додааст, зодаҳои Тоҷикистон Сафаров Комрони 25-сола, Мансурова Сайёҳати 27-сола ва Марями сесола ном бурда мешавад.
Қаблан дар телеграм-канали “02-Исфаринцы: бизнес и сотрудничество” дар бораи ин садама хабар дода шуда, аз афроде, ки ин се қурбонии садамаро мешиносанд, хоҳиши тамос карда шудааст. Таъкид шуда буд, ки ҷасадҳо дар сардхонаи шаҳри Тоболск қарор доранд.