ДУШАНБЕ, 31 май— Sputnik. Алиризо Беглари, раиси Институти Пастери Эрон гуфт, тазриқи аввалияи ваксинаи муштарак бо Институти Финлои Куба дар марҳалаи ниҳоӣ ё фази се қарор дорад.
Раиси Институти Пастери Эрон афзуд, тазриқи ин ваксина барои 24 ҳазор нафар аз мардуми Эрон дар ҳафт устон ва ҳашт шаҳр оғоз шудааст, хабар дод “Парстудей”.
"Ҳамаи ваксинаҳо вақте мавриди мутолеа қарор мегиранд, аз ибтидо кумитаҳои мустақиле вуҷуд доранд, ки аворизи онҳоро сабт ва пайгирӣ мекунанд, аммо дар ҷамъбандӣ ки барои 24 ҳазор тазриқи аввалияи ин ваксина доштаем, нигаронии хосе бобати аворизи ваксина вуҷуд надошт”, - изҳор доштаст Бегларӣ.
Ваксинаи коронаии маҳсули муштараки Эрон ва Куба, фази як ва дуи мутолеаи болиниро дар Куба бо муваффақият тай кардаву фази сеюми мутолеаи болинии он ҳамзамон бо Куба дар Эрон низ анҷом мешавад.
Фази сеюми мутолеаи болинии ваксинаи коронаии муштарак бо 24 ҳазор довталаб дар Эрон ва 44 ҳазор довталаб дар Куба дар ҳоли анҷом аст ва бар асоси эъломи масъулони Институти Пастери Эрон ин марҳала аз мутолеаи болинии ин ваксина то авохири июн бапоён мерасад.
Бо таъйиди Созмони ғизо ва доруи Эрон, имкони тавлиди анбӯҳи ваксинаи коронаии Эрон ва Куба, бо тавваҷуҳ ба зерсохтҳои Институти Пастери Эрон, дар дохили кишвар вуҷуд дорад.