Лавров гуфт чигуна Иттиҳодияи Аврупо метавонад равобиташро бо Русия беҳтар намояд

Маскав омодагии худро барои беҳбуди равобит бо Иттиҳодияи Аврупо эълом кард ва гуфт барои он чӣ шарте вуҷуд дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 май - Sputnik. Русия бо Иттиҳоди Аврупоро танҳо дар асоси баробарӣ ва эҳтироми тарафайн гуфтугӯ хоҳад кард.
Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров зимни нишасти матбуотӣ пас аз мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Португалия Аугусто Сантуш Силва иброз дошт.
Ба гуфтаи оқои Лавров, кишварҳо барои расидан ба ҳадафи худ боядд аз талаботҳо ва шартҳои яктарафаи худ даст кашанд.

"Набояд хатҳои нави ҷудокунанда кашида шаванд. Ҳамчунин ба хотири ба даст овардани бартарӣ дар рақобат, нодидагирифтани манфиатҳои қонунии шарикон бо ин ё он баҳона бояд хотима дода шавад", - гуфт вазири умури хориҷаи Русия дар суҳбат бо хабарнигорон.

Сергей Лавров афзуд, ки давлатҳо бояд барои ба эътидол овардани муносибатҳо талоши дастаҷамъона кунанд.
Посухи тунди Лавров ба таҳримҳо алайҳи Русия - видео
Вазири умури хориҷаи Русия қайд кард, ки Маскав омода аст бо Иттиҳодияи Аврупо гуфтугӯро барқарор кунад, зеро кишварҳо барои ҳифзи субот ва амният дар фазои ягонаи геополитикӣ масъул мебошанд.
Ба гуфтаи вахзири рус, барои ба эътидол овардани муносибатҳои Русия ва Иттиҳоди Аврупо корҳои зиёде бояд анҷом дода шаванд.
Қаблан, рӯзномаи испании Pais дар бораи саммити пӯшидаи Иттиҳодияи Аврупо, ки пас аз ҳодиса бо ҳавопаймои Ryanair сурат гирифта буд, хабар дода буд.
Нашрия қайд кардааст, ки дар ин нишаст Иттищодияи Аврупо нақшаи ҳамкорӣ бо Русия қабул кард, ки алтернативаи он метавонад "роҳи морпечи" таҳримҳо шавад, ки дар оянда метавонад ба иқтисоди кишвар таъсири манфӣ расонад.