Ифтитоҳи намоишгоҳи китоб дар шаҳри Душанбе

Нашриёти “Адиб” эълон кардааст, ки намоиш-фурӯши китобҳои нашркардаашро дар соли равон рӯзи 1-уми июн баргузор мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 май— Sputnik. Нашриёти “Адиб” бо нашри як эълон хабар додааст, ки намоиш-фурӯши китобҳо 1 июн дар боғи устод Рӯдакӣ баргузор мешавад.
“Муассисаи нашриявии "Адиб" бахшида ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва рӯзи байналмилалии кӯдакон санаи 01- июн соати 16:00 дар боғи устод Рӯдакӣ намоиш фурӯши васеъи китобҳои тозанашрро доир менамояд”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Дар ин намоишгоҳ, ки бо талоши нашриёти “Адиб”-и Тоҷикистон кушоиш хоҳад ёфт, китобҳову девони шоирон ва нависандагони номдоре назири Лоиқ Шералӣ, Абдулғафур Абдуҷаббор, Садриддин Айнӣ ва Абулқосими Лоҳутӣ барои фурӯш дар маърази диди боздидкунандагон қарор хоҳад гирифт.
Ҷалби сокинони пойтахт ба китобхонӣ: дар Душанбе намоишгоҳи китоб баргузор мешавад
Ҳамзамон зикр гардидааст, ки дар намоиш фурӯш вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони халқи шаҳри Душанбе ва дигар кормандони идораву муассисаҳо иштирок мекунанд.
Интишороти “Адиб” барои сеюмин сол аст, ки дар Тоҷикистон намоишгоҳи китоб баргузор мекунад.