Ҳунарманде, ки нақши Тарзанро бозӣ кард, дар суқути ҳавопаймо ҷон бохт

Ҳунарманди амрикоӣ 58 сол дошт. Ҳавопаймои хусусӣ, ки ин ҳунарманд ҳамроҳи завҷааш савор буд, ба садама дучор ва сарозери кӯл шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 май— Sputnik. Ҳунарманди амрикоӣ, Ҷозеф Лара, ки нақли Тарзанро бозӣ карда буд, бар асари садамаи ҳавопаймо ҷон дод.
Манобеи The Hollywood Reporter хабар медиҳад, ки ҳодисаи мазкур рӯзи шанбе дар шаҳри Нэшвилл, иёлати Теннесси рух додааст.
Ҳунарманд ҳамроҳи ҳамсари худ савори ҳавопаймои хусусии Cessna C501 буд, ки дар натиҷаи ба садама дучор шудан андаруни кӯле сарозер шуд.
Гуфта мешавад, дар ин ҳодисаи нохуш дасти кам 7 нафар ба ҳалокат расиданд.
Дар тӯли тақрибан 30 соли фаъолияташ Ҷозеф Лара қариб дар 30 филм нақш офаридааст. Филме, ки ӯро шӯҳратёр кард, "Тарзан: қисаи саргузаштҳо" мебошад.
Лара инчунин дар силсилафилми "Наҷотдиҳандагон Малибу" (1989-2001) ва "Конан" (1997-1998) нақш офаридааст.