Даъвати Вазорати тандурустӣ аз волидони тоҷик: то 5 июн кӯдаконро эм кунед

Дар Тоҷикистон давраи иловагии эмгузаронӣ алайҳи фалаҷ оғоз шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 май— Sputnik. Вазорати тандурустӣ аз волидони тоҷик даъват кардааст, ки то 5 июн вояи якуми ваксинаи ба тариқи даҳон истифодашавандаи зидди бемории фалаҷро ба фарзандони худ қабул намоянд.
Тавре Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад, давоми рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ, ки аз имрӯз оғоз шуд, тақрибан 1.4 миллион кӯдакони Тоҷикистон зидди бемории фалаҷ эм карда мешаванд.
Воридоти миллионҳо ваксинаи зидди фалаҷи атфол ба Тоҷикистон
"Ба волидайн ва парасторон тавсия дода мешавад, ки то 5 июни соли равон вояи якуми ваксинаи ба тариқи даҳон истифодашавандаи зидди бемории фалаҷро ба фарзандони худ қабул намоянд", - даъват кардааст вазорат.
Чорабинии мазкур таҳти роҳбарии Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо дастгириии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ва дигар шарикон дар доираи Ташаббуси глобалии маҳви бемории фалаҷ (GPEI) гузаронида мешавад.
Баъди сабти ҳолатҳои нави беморӣ: Раҳмон қарори эмгузаронии иловагиро имзо кард
Мақсад аз баргузории рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ мустаҳкам намудани масунияти кӯдакони синни то 5 сола бар зидди бемории фалаҷ ва нигоҳ доштани мавқеи ҷумҳурӣ ҳамчун давлати озод аз бемории фалаҷ мебошад.
Барои гузаронидани Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ зидди бемории фалаҷ дар давоми моҳи майи соли равон ЮНИСЕФ ва СУТ 4.6 миллион вояҳои ваксинаро ба кишвар дастрас намуданд.
Бояд гуфт, ки пас аз таҳқиқи ҳамаҷониба Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо шарикони рушди соҳаи тандурустӣ маъракаи иловагӣ оид ба эмгузаронии кӯдакон ҷиҳати пешгирии сирояти вируси фалаҷро омода намуд, ки он дар ду давраи эмкунӣ, мутаносибан аз 31 май то 5 июн ва аз 28 июн то 3 июли соли равон баргузор хоҳад шуд.
Ёдрас мешавем, ки аввали баҳори соли равон Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз хурӯҷи бемории полиомиелит ва ё фалаҷи кӯдаконаи намуди 2 дар Тоҷикистон ҳушдор дод.
Вазорати тандурустӣ сабаби хурӯҷи фалаҷ дар Тоҷикистонро гуфт
Ба иттилои ин созмон, аввалин ҳолати сироятёбӣ ба фалаҷи кӯдакона дар вилояти Хатлон сабт шуда, моҳи март ин беморӣ дар деҳоти ноҳияи Ҳисор ба қайд гирифта шудааст.
Масъулини тандурустӣ яке аз сабабҳои пайдоиши бемориро ба хунукназарии бархе волидон ба эмгузаронӣ гуфтаанд.