Баъди таънаи Ҳасбулло: Абдурозиқ ба омӯзиши забони русӣ оғоз кард – акс

Абдурозиқ муътақид аст, ки донистани забони русӣ барои ӯ имкониятҳои бештару дастрасӣ ба аудиторияи бузургтарро фароҳам мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Абдурозиқ, овозхон ва блогери ҷавони тоҷик, ки ахиран аз набард бо Ҳасбулло, блогери ҳамсолу ҳамқади доғистонияш баргашт, ба омӯзиши забони русӣ пардохтааст.
Навраси тоҷик дар як мулоқоти ахираш аз Ҳасбулло эрод шунид, ки барои муддати тӯлони теъдоди ҳамвандон ё худ “подписчик”-ҳояш аз ним миллион зиёд нашуда буд. Айни ҳол теъдоди ҳамвандони блогери ҷавони тоҷик 799 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд.
Абдурозиқ теъдоди ҳамвандонашро ба нисбатан кам будани ҳамватанҳояш ва надонистани забони русӣ рабт дод. Блогери ҷавон зикр намуд, ки аҳолии Тоҷикистон 10 миллион нафар асту аз Русия ҳудуди 150 миллион ва агар забони русиро балад мебуд, теъдоди “подписчик” – ҳояш ба 10 миллион нафар мерасид.
Дар пайи бозгашт аз Русия Абдурозиқ бо нашри яксҳояш ҳангоми дарсхонӣ шарҳ навиштааст, ки ба омӯзиши забони русӣ оғоз кардааст.
Гуфта мешавад, ки дар Русия набарди Абдурозиқ ва Ҳасбик баргузор шудааст, аммо навори он то ҳол ҳам нашр нагардидааст.
Қади Ҳасбик 93 см ва вазнаш ҳамагӣ 18 килост. Рақиби 17-солаи ӯ Абдурозиқ 1 метр қад ва ҳамагӣ 17 кило вазн дорад.
Пештар волидони Абдурозиқ гуфта буданд, ки дар хурдсолӣ ӯ бемор шуду пас аз он дигар ҷисмаш бузург нашуд.
Абдурозиқ, ки навори як овозхонияш тасодуфан ба интернет роҳ ёфту мухлисони зиёд пайдо кард, феълан овозхони шинохта ва яке аз сермухлистарин блогерҳои ҷавони тоҷик мебошад.