ДУШАНБЕ, 28 май – Sputnik. Шабонарӯзи охир дар ҷаҳон зиёда аз 505 ҳазор ҳолати сирояти коронавирус ошкор шуд, хабар медиҳад Созмони ҷаҳонии тандурустӣ.
Шабонарӯзи охир шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сирояти коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 505 ҳазор афзоиш ёфта, аз 170,15 миллион гузашт, менависад манбаъ.
Ба ҳолати соати 10:00 (ба вақти Душанбе)-и 29 май, ба СУТ дар бораи 170 153 479 сироятшуда ва 3 537 922 фавт маълумот расидааст. Шумораи гирифторони ин беморӣ шабонарӯзи охир 505 987 нафар ва фавтидагон 11 968 нафар афзудааст.
Шумораи зиёди ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят дар ИМА ба қайд гирифта шудаанд — 34 022 657.
Баъд аз он Ҳиндустон (27 729 247), Бразилия (16 392 657), Франсия (5 646 897), Туркия (5 228 322), Русия (5 044 459), Британияи Кабир (4 477 705), Италия (4 209 707), Аргентина (3 702 422), Олмон (3 680 159), Испания (3 668 658) ва Колумбия (3 342 567) қарор доранд.
Ёдрас мешавем, дар чандекишварҳо барои "наҷот" аз вируси корона ваксинзанӣ ҷараён дорад. Аз ҷумла, Русия яке аз авалин кишварҳоест, ки ваксини "Спутник V"-ро истеҳсол кардаву шаҳрвандонаш эм мешаванд.
Дирӯз дар кишвар масъалаи эмкунии муҳоҷиронро низ баррасӣ карданд.
Масъалаи эмкунии муҳоҷирон аз коронавирус ва донишҷӯёни хориҷӣ ба наздикӣ ҳалли худро меёбад, изҳор дошт муовини раиси Ҳукумати кишвар Татяна Голикова.
Ба гуфтаи вай, зарурати эмгузаронӣ байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯён аз дигар кишварҳо дар сатҳи федералӣ ҳал карда мешавад.
Дар ҳудуди Русия тибқи оморҳои ғайрирасмӣ бештар аз 1 миллион ва расмӣ бештар аз 500 ҳазор муҳоҷири тоҷик ба сар мебаранд.