ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Як соҳибкор аз Данғараро барои гардиши ғайриқонунии шираи камол дастгир кардаанд.
Дар ин бора Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак, дар мавзеъи Зоғонӣ ин соҳибкор ба ҷамъоварии шираи ин гиёҳи шифобахш машғул шудааст.
Гуфта мешавад, аз рӯзи 16-уми майи соли 2021 марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Шарифи ноҳияи Данғара, соҳибкори инфиродӣ, мардони 35, 34 ва 28-солаи сокинони ноҳияҳои Данғара ва Вахшро ҳамчун мардикор даъват намуда, ба коркарди ғайриқонунии шираи камол машғул шудааст.
Номбурдагон ба миқдори 1 ҳазору 100-бехи кундаи камолро нарм намуда ва кундаҳои ниҳоли камолро бӯриш намудаанд.
"Мувофиқи маълумотномаи Раёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон ва мувофиқи тартиби ҳисоби зарари Раёсати мазкур дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номбурда, 66 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст", - менависад манбаъ.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ёдрас мешавем, содироти шираи камол аз Тоҷикистон то соли 2008 озод буд. Шаҳрвандоне, ки ба майдонҳои гиёҳи камол дастрасӣ доштанд, мустақилона онро ҷамъ оварда, тавассути тоҷирони афғонистонӣ ба хориҷа содир мекарданд.
19 сентябри соли 2008 президент Эмомалӣ Раҳмон дар бораи манъи қатъии ҷамъоварии шираи камол амр баровард ва аз он рӯз ҷамъоварӣ ва тиҷорати шираи камол дар шакли хом манъ карда шуд.
Камол ё кумот растании худрӯи кӯҳист, ки шираи пояи он дору тайёр мекунанд. Дар Тоҷикистон метавон наздики 40 намуди ин гиёҳи шифобахшро пайдо намуд.