ДУШАНБЕ, 29 май – Sputnik. Дар робита бо вазъи эпидемиологие, ки дар Ҳиндустон ба миён омадааст, як қатор кишварҳои Аврупо, Африқо ва Осиё аз ҷумла Тоҷикистон дар дастрас кардани ваксинаи AstraZeneca, истеҳсоли Ҳиндустон ба мушкилӣ дучор шуданд.
Тавре сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулоддаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Наврӯз Ҷаъфаров ба РИА Новости хабар додааст, Тоҷикистон бо дарназардошти вазъи кунунии Ҳиндустон қарор дод, ки ваксинаи мавҷударо барои ду давра истифода барад.
"Дар эмкунӣ аз ваксинаҳои AstraZeneca истифода мешавад, ки дар ҳошияи барномаи COVAX ба Тоҷикистон ворид карда шудааст. Бо назардошти миқдори мавҷудбудаи вояи ваксина, яъне 192 ҳазор ва вазъи кунунии Ҳиндустон (истеҳсолкунандаи ин ваксина), Вазорати тандурустӣ қарор дод, ки онҳоро барои ду давра истифода барад ", - гуфт Ҷаъфаров.
Вай қайд кард, ки бинобар вазъи душвори эпидемиологӣ дар Ҳиндустон, кишваре, ки барои пӯшонидани талаботи механизми COVAX ҳаҷми бештари ваксинаҳо истеҳсол кардааст, ҷадвали интиқоли ваксина барои аксари кишварҳои Аврупо, Африка ва Осиё тағйир ёфтааст.
СУТ ҳоло бо дигар истеҳсолкунандагон барои ҳалли ин масъала гуфтушунидҳои иловагӣ дорад.
Ба гуфтаи сардори раёсат, аз 23 март то 26 май дар Тоҷикистон 74,4 ҳазор нафар эм карда шуданд, раванди эмгузаронии коронавирус тибқи нақшаи қаблан тасдиқшуда идома дорад.
Ҷаъфаров гуфт, ки Тоҷикистону Чин дар бораи ба Тоҷикистон расонидани ваксинаи CoronaVac ба сифати кӯмаки башардӯстона ба созиш расиданд.
"Ҳаҷми ваксинаҳое, ки ба мо фиристода мешаванд, барои фарогирии 150 ҳазор нафар, аст, ки дар ду давра гузаронида мешавад ва барои ҳамин 300 ҳазор доза пешбинӣ шудааст. Дар айни замон, масъалаҳои техникӣ, шароити ҳамлу нақл ва таҳвили CoronaVac ба Тоҷикистон ҳалли худро меёбад", - таъкид кардааст ӯ.
Дар робита ба гирифтани ваксинаи русии "Спутник V" ӯ қайд кард, ки Хадамоти давлатии назорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вазорат бо истеҳсолкунандаи ваксина ҳамкории зич дорад ва экспертизаи техникии ҳуҷҷатҳои ваксинаро барои бақайдгирии минбаъда, додани иҷозатномаҳо барои воридот ва истифодаи ваксина дар Тоҷикистон, кор мебарад.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳамчунин аз бад шудани вазъи эпидемиологӣ дар кишварҳои ҳамсоя нигарон аст.
"Мо аз бад шудани вазъи эпидемиологӣ дар кишварҳои ҳамсоя нигарон ҳастем, аммо Тоҷикистон феълан дар бораи сахттар кардани қоидаҳои беҳдошт тасмиме нагирифтааст", - таъкид кард Наврӯз Ҷаъфаров.