ДУШАНБЕ, 27 май - Sputnik. "Реал" -и Мадрид истеъфои сармураббии даста Зайниддин Зиданро эълон кард, менависад сомонаи бошгоҳ.
"Клуби футболи "Реал Мадрид" хабар медиҳад, ки Зайниддин Зидан тасмим гирифтааст, марҳилаи кунунии худро ҳамчун мураббии клуби мо ба анҷом расонад", - омадааст дар хабар.
Дар иттилоия ҳамзамон омадааст, бошгоҳ қарори ӯро эҳтиром кунад ва барои касбият, садоқат ва талоши ӯ тӯли солҳои фаъолияташ изҳори миннатдорӣ менамояд.
Бошгоҳ гуфтааст, ки "Реал" ҳамеша хонаи Зидан буд ва хоҳад буд.
Шартномаи Зидан бо мадридиҳо то тобистони соли 2022 буд.
Дар мавсими гузашта, "Реал" аз соли 2010 инҷониб бори аввал ягон ҷоизаро ба даст наовард: тими шоҳона аз Лигаи чемпионҳо, Ҷоми Испания афтида, дар Ла Лига дуввум шуданд
Зидан бори аввал "Реал Мадрид"- ро моҳи майи соли 2016 ба даст гирифта буд. Таҳти роҳбарии ӯ, даста се маротиба ҷомҳои Лигаи Чемпионҳо, Суперҷоми УЕФА ва Чемпионати Клубҳои Ҷаҳонро ду маротиба ва Чемпионати Испанияву Суперҷоми Испанияро як маротиба ба даст овард.
Дар баҳори соли 2018, Зидан вазифаи худро тарк кард, аммо пас аз як сол баргашт ва боз ҳам қаҳрамони кишвар шуд.
Расонаҳо ҳоло аз тими нави эҳтимолии мураббии фаронсавӣ ҳарф мезананд. Ба навиштаи онҳо Зидан метавонад "Пари Сен-Жермен" -ро роҳбарӣ кунад.
Ба навиштаи онҳо роҳбарияти “ПСЖ” ҳоло дар бораи истеъфои эҳтимолии мураббии феълии клуб Маурисио Почеттино фикр мекунад ва номзадии Зиданро баррасӣ доранд.