ДУШАНБЕ, 28 май - Sputnik. Тибқи иттилои намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия муҳоҷири муваффақи тоҷик, Парвоз Камолов, дар натиҷаи заҳмату талошҳои пайваста ба чунин сатҳ расидааст.
Ба иттилои манбаъ, номбурда бо истифода аз таҷрибаи бойи андӯхта дар Тоҷикистон, дар Русия ба соҳаи кишоварзӣ машғул гардида, дар муддати кӯтоҳтарин ба комёбиҳо ноил гардидааст.
"Парвиз Аҳрорович дар ҳавзаи Шимолу Ғарби Федератсияи Русия 100 гектар замини кишоварзиро расман гирифта, бо ҳамватанони худ ба истеҳсоли сабзавоти аз ҷиҳати экологӣ тоза машғул мебошад",- афзудааст манбаъ.
Манбаъ мегӯяд, ин аст, ки заҳмату талошҳои ин шаҳрвандони Тоҷикистонро Ҳукумати Федератсияи Русия ба инобат гирифта, бо фармони Президент бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шудааст.
"Дар робита ба ин, аз ҷониби президенти Русия Владимир Путин, Парвиз Камолов бо диплом ва медали хотиравии барои саҳми беғаразона дар ташкили аксияи умумирусиягии кӯмаки тарафайн "Мо якҷояем" мукофотонида шуд", - омадааст дар иттилоия.
Гуфта мешавад, аз ҳосили заҳмати худ Камолов Парвиз барои эҳтиёҷмандон, корафтодагон ва мактабинтернатҳои минтақавӣ дасти кӯмак дароз менамояд.
Ҳамзамон ба таъкиди манбаъ, дар давраи пандемияи коронавирус Парвиз барои муҳоҷирони тоҷик ва оилаи онҳо, донишҷӯён ва дигар шахсони эҳтиёҷманд мадад намуда буд.