Эълон: ВКД аз мардум дар боздошти Диловар, писари Шералӣ Гул кумак хост

Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе аз мардум хостааст, дар пайдо намудани Диловар Гулов кумак кунанд. Диловар, писари Шералӣ Гул, собиқ вазири саноат ва энергетикаи Тоҷикистон мебошад, ки қаблан низ суд шуда буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе бо нашри як эълон аз мавриди пайгард қарор гирифтани Гулов Диловар Шералиевич, ки ному насаби дигараш - Шерализода Диловар Шералӣ мебошад, хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, Диловар Гулов, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ки қаблан барои ҷинояти авбошӣ суд шудааст, ин дафъа низ дар авбошии гуруҳӣ айбдор мешавад. Таъкид шудааст, ки Гулов тибқи талаботи моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон - авбошӣ гумонбар буда, аз 19 майи соли равон дар кофтукови расмӣ мебошад.
"Вобаста ба ин, мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе аз кулли шаҳрвандон хоҳиш менамояд, агар нисбати гумонбаршаванда Гулов Диловар Шералиевич ягон иттилое доред, ба рақамҳои телефони боварии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 221-15-00, 221-00-57, 221-15-42 хабар диҳед", - омадааст дар иттилоия.
Илова шудааст, ки шаҳрвандон метавонанд, маълумоти худро ба почтаи электронӣ - rvkddushanbe@mail.ru, саҳифаи фейсбукии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе кумак кунанд.
"Маълумот дар бораи шаҳрвандоне, ки барои дастгир намудани нафари дар ҷустуҷӯ қарордошта мусоидат мекунанд, махфӣ нигоҳ дошта мешавад", - таъкид кардааст РВУД.
Қаблан аз ҷанҷол дар тарабхонаи "Сим Сим" - и Душанбе хабар дода шуд, ки бо кордкашӣ анҷомидааст ва яке аз муттаҳамон дар ин қазия Диловар Гулов арзёбӣ мешавад. Назари бевоситаи Диловар Гулов дар бораи ин қазия маълум нест.
Боздошти Амриддин Нахшов, ки дар пайгард буд: ВКД гуфт худаш ба шуъбаи пулис омад
Гуловҳо аз хонаводаҳои маъруф дар Тоҷикистон мебошад, ки яке аз намояндаҳои ин хонавода Шералӣ Гул дар мақомҳои баланди давлатӣ, аз ҷумла вазирӣ кор карда, бо раисиҷумҳури Тоҷикистон низ пайванди хешутаборӣ дорад.
Ин эълон дар ҳолест, ки ахиран мақомоти умури дохилии Тоҷикистон аз таслим шудани Нахшов Амриддин, сокини ноҳияи Данғара хабар дод, ки гуноҳашро дар авбошӣ иқрор шуда, ба мақомоти милиса ҳозир шудааст. Номи Нахшов чун муттаҳам дар ҳамла ба кормандони ширкати ҷамъоварикунандаи шираи камол - “Мину Фарм”, аз ҷумла роҳбараш расонаӣ шуда буд.