"Дар рӯям семечка туф кард": шарҳи ду ҷавон, ки хоҳаронро дар Душанбе кӯфтанд - навор

Яке аз ду ҷавоне, ки дар латукӯби се хоҳарон дар Душанбе даст дорад, мегӯяд яке аз духтарон дар рӯяш донаи офтобпараст туф карда буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 май - Sputnik. Раёсати умури дохила дар шаҳри Душанбе тафсилоти пурраи латукӯб шудани се хоҳаронро дар пойтахт нашр намуд.
Дар наворе, ки ин ду ҷавони муттаҳам дар кӯфтани духтарон бозпурсӣ мешаванд, омадааст, ки кор ба кӯфтани хоҳарон замоне расид, ки яке аз онҳо ба рӯи ҷавони "гаппартофтагӣ" донаи офтобпараст туф кард.
Ҷавонони боздоштшуда Ғаниев Ҳусейн ва Қурбонов Алиҷон, ҳар ду сокинони кӯчаи Испечаки шаҳри Душанбе мебошанд.
Аз болои ин ду ҷавон чанд рӯз пеш ба идораи милиса се ҷавондухтар шикоят бурданд.
Ба изҳори духтарон, ду ҷавонписар ҳангоми гаштугузор дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ гаппартоӣ намуда, бо алфози қабеҳ онҳоро дашном ва ҳамзамон мавриди латукӯб қарор доданд.
Зимнан, кормандони пулис ду ҷавони 24 ва 25 - соларо боздошт намуданд.
Гап партофтанд – нашуд, мушт зад: ҳабси 2 ҷавон барои кӯфтани 3 хоҳар пеши хонаашон–видео
Алиҷон яке аз ҷавонони муттаҳам мегӯяд, ӯ замоне, ки ба наворгирии як духтарро дид бо шатта ба дасти ӯ зарба расонд ва телефон аз дасти ӯ ба замин афтод.
Ҳусейн бошад, бо дашному ҳаққораткунӣ қаноат накарда, ҷавондухтаронро зери мушту лагад қарор дод, ки дар натиҷа яке аз онҳо ҷароҳати ҷисмонӣ бардошт.
РВУД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, феълан алайҳи ин ду ҷавон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.