Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

"Хуб андеша кунед": Путин дигарбора ба ваксингирӣ алайҳи коронавирус даъват кард

Давоми чанд моҳ мешавад, ки дар Русия маъракаи эмгузаронӣ алайҳи коронавирус идома дорад. Эмгузаронӣ аз рӯи се навъ ваксини истеҳсоли ватанӣ сурат гирифта истодааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 май - Sputnik. Раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин бори дигар аз шаҳрвандони кишвар даъват намуд, ки ҳатман алайҳи коронавирус ваксин гиранд, менависад РИА новости.
Роҳбари давлат зимни баромади худ дар як ҷаласае, ки ба масоили иқтисодӣ бпахшида шуд. изҳор дошт, ки мардумро набояд ба таври маҷбурӣ эм кард. Ӯ гуфт, шаҳрвандон бояд худ зарурати эм гирифтанро дарк кунанд.
"Лутфан, хуб андеша кунед, - муроҷиат намуд Путин ба шаҳрвандони Русия. Дар хотир доред, ки ваксини сохти Русия боэътимоду бехатар".
Дар Русия барои эмгузаронӣ ҳама шароитҳо фароҳам оварда шудааст, қайд кард сарвари давлат.
Ғайр аз он, ба гуфтаи ӯ, коршиносон мебинанд, ки ваксина ба саломатӣ зарар намерасонад, баръакс, он аз таҳдиди сироят эмин медорад ё ҷараёни шадиди бемориро пешгирӣ мекунад.
Навори суҳбати Путин баъди гирифтани вояи дуюми ваксина
Бояд гуфт, дар Русия маъракаи эмгузаронӣ аллакай чанд смоҳ идома мекунад ва мардумро бо ваксини сохти ватанӣ: "Спутник V", "ЭпиВакКорона", ва "КовиВак" эм мекунанд.
Худи кишвардори Русия низ алайҳи ин маризӣ карда шуд. вале то ҳол маълум нест, ки Владимир Путин кадоме аз ин се ваксинро истифода кард.