Мясников нишонаи ногаҳонии саратонро ном бурд

Дар ҳолати зоҳир шудани ин аломат бояд фавран ба пизишк муроҷиат кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 мая — Sputnik. Яке аз нишонаҳои саратони сурхрӯда ҳангоми хӯрдани таом равшан зоҳир мешавад. Дар ин бора дар рафти барномаи телевизионӣ пизишки маъруф Александр Мясников изҳор дошт.
Дар бархеҳо ҳангоми фурӯ бурдани хӯрок, ҳисси нороҳатӣ пайдо мешавад. Ҳангоми бемории хатарнок фурӯ бурдани таом, метавонад мушкил шавад. Ин аломат дисфагия ном дорад, таъкид кард Мясников.
Кадом моҳ таваллуд шудаӣ ва чӣ беморӣ хоҳӣ дошт? Мясников вобастагиро гуфт
Бо мурури замон беморон ҳатто ҳангоми фурӯ бурдани об душворӣ мекашанд.
"Агар хӯроки сахт нагузарад, ин одатан аз душвории механикии гузаштан аз сурхрӯда вобаста аст. Ин наметавонад ҳатман бемори саратон бошад", - таъкид кардааст пизишк.
Ба гуфтаи коршинос, дар ҳолати зоҳир шудани дисфагия, бемор бояд ҳатман ва фаврӣ ба пизишк муроҷиат кунад, то сабаби аслии мушкилӣ дар фурӯбариро муайян созад.
Мясников таъкид кард, ки ин аломат на ҳамеша нишонаи саратон аст. Бо дисфагия метавонанд нафароне низ рӯбарӯ шаванд, ки гирифтори ихтилоли психосоматӣ мебошанд.
Ҳамчунин пизишк омилҳоеро ном бурд, ки ба рушди саратони сурхрӯда мусоидат мекунанд. Ба онҳо сигоркашӣ, истифодаи алкул ва доштани бактерияи хеликобактер пилори мебошад.
Ин бемории хатарнокро метавонад риоя накардани қоидаҳои беҳдошт ва сӯиистифода аз тезиву маҳсулоти очорӣ барангезад.
Пештар Мясников зарари калони ҳасибро таъкид карда буд. Ба гуфтаи вай, дар таркиби ҳасибҳо нитрити натрия мавҷуд аст, ки хатари пайдоиши саратонро зиёд мекунад.