ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи шаҳрдорӣ, истироҳати хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар мавсими таътили тобистонаи имсола дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва майдончаҳои истироҳатию солимгардонии назди муассисаҳои таълимии пойтахт гузаронида мешавад.
Бар асоси қарори Рустами Эмомалӣ, хонандагони пойтахт имсол дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии "Зимчуруд", "Гулхан", "Шарора" ва "Орзу", инчунин майдончаҳои истироҳатию солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ истироҳат хоҳанд кард
Шаҳрдори пройтахт ба муовинаш ва муассисаҳои марбута супориш додааст, ки дар истироҳатгоҳҳои зикршуда корҳои ободонӣ, сохтмонӣ, таъмиру барқароркунӣ, муҷаҳҳазгардонии биноҳо ва майдончаҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, кабудизоркунию ниҳолшинониро ба анҷом расонида, иншооти мазкурро барои қабули кӯдакону наврасон омода созанд.
"Раёсати маорифи шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст, ки истироҳатгоҳҳоро бо кадрҳои роҳбарикунанда, мураббия, омӯзгор ва роҳбарони бадеию варзишӣ таъмин намуда, доир ба баргузории чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ва фарҳангӣ, ки дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти кӯдакону наврасон мусоидат менамоянд, тадбирҳои самаранок андешад", - афзудааст манбаъ.
Инчунин бо ин қарор Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе вазифадор гардидаанд, ки истироҳатгоҳҳоро бо доруворӣ ва мутахассисон таъмин намуда, барои ҳифзи саломатии кӯдакону наврасон мусоидат намоянд.
Ҳамзамон тозагӣ ва ба талаботи санитарию эпидемиологӣ ҷавобгӯ будани ошхона, ҷойи хоб ва дигар иншооти зурурии истироҳатгоҳҳоро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.