Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Сафари дурӯзаи Ҷабборов ба деҳоти наздимарзӣ: мехоҳад раванди аломатгузориро тезонад

Котиботи президенти Қирғизистон мақсади сафари Содир Ҷабборов ба деҳоти наздимарзиро гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов рӯзҳои 27-29 май ба вилояти Ботканд ва Ӯш сафари корӣ анҷом медиҳад.
Дар ин бора хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Қирғизистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки Ҷабборов дар сафари дурӯзааш бо сокинони деҳоти наздимарзӣ мулоқот мекунад.
"Президент бо сокинони деҳаҳои наздисарҳадӣ мулоқот намуда, бо вазъ дар маҳал шинос мешавад, то раванди делимитатсия ва демаркатсияи қитъаҳои сарҳади давлатиро тезонад", - омадааст дар хабарнома.
Ин дар ҳолест, ки Қирғизистон дубора марзҳояшро ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон баст.
Вазорати хориҷии Тоҷикистон аз шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии Тоҷикистон, ки ба ҳамлу нақли мусофирон ва бор тавассути ҳамаи навъҳои нақлиёт машғуланд, хоҳиш намудааст, ки аз қаламрави Қирғизистон истифода накунанд ва масирҳои дигарро тавассути кишварҳои сеюм ба кор баранд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Шарҳи Қирғизистон дар бораи "роҳ" надодани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Бишкек
Бояд тазаккур дод, ки мақомоти Қирғизистон ахиран мусофирони тоҷикистонии ҳавопаймои “Сомон Эйр” – ро дар Бишкек қабул накарда, онҳоро бозпас фиристоданд.
Раиси Девони вазирони Қирғизистон, Улуғбек Марупов дар сафар ба ноҳияи Чонолойи вилояти Ош дар марз бо ноҳияи Лахши Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки то ҳаллу фасли мушкили аломатгузории марзи ду кишвар, тамоми гузаргоҳҳои марзӣ баста боқӣ хоҳад монд.
Қирғизистон низ дар баёнияе таъкид кард, ки рафту омад ба Тоҷикистон танҳо барои кормандони сафоратҳою консулгариҳои ду кишвар, хонаводаи онҳо, кормандони созмонҳои хориҷӣ ва мақомоти расмии Душанбею Бишкек бо ҳамоҳангии қаблӣ иҷозат асту халос.
“Бидуни огоҳӣ”: муроҷиатномаи мақомоти тоҷик ба мардум баъди қарори Қирғизистон
Марзбандиҳо дар ҳолеянд, ки 29 апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша сар зада, ба тирпарронӣ печид ва аз ҳарду тараф 55 кушта барҷой гузошт.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳамдигарро дар оғози даргирӣ муттаҳам карданд. Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ мешавад.