ДУШАНБЕ, 27 май - Sputnik. Ҷамшед Назаров, хонандаи синфи 11, ки дар мактаби рақами №2 дар шаҳри Хуҷанд таҳсил мекунад, дуввумин ҳавопаймои худро сохтааст, хабар медиҳад сомонаи ҶОМ.
Ба иттилои манбаъ, дар сохтани ин ҳавлпаймо ба ӯ устодаш, Ҷалил Раҳимов кумак кардааст.
Назаров мегӯяд, ҳавопайморо ҳамагӣ бо харҷи 1500 сомонӣ сохтанд ва он барои назорати сарҳад пешбинӣ шудааст.
"Дарозии ҳавопаймо 2 метр буда, қанотҳояш 2,5 метр мебошанд. Ҳавопаймо фосилавӣ идора мешавад ва 2 километр метавонад парвоз кунад. Инчунин қобилияти бурдани то 10 килограм борро дорад", - шарҳ додааст Назаров ба сомонаи мазкур.
Гуфта мешавад, ин ҳавопаймо бо барқ парвоз мекунад.
Ин аввалин ҳавопаймои ихтироъкардаи Ҷамшед набуда, қаблан як ҳавопаймои дигар барои боркашонӣ дар хоҷагии қишлоқ низ сохта буд.
Ҷамшед имсол хатмкунанда аст. Ӯ мехоҳад дар соҳаи навовариву ихтироъкорӣ муваффақ шуда, донишҳои қавиро дар хориҷи кишвар андӯзад ва сипас бо идеяҳои нав ба Тоҷикистон баргардад.