ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Бонуи аввали Қирғизистон Ойгул Ҷабборова алайҳи коронавирус эм карда шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президент.
Аҳволи бонуи аввали Қирғизистон ҳамсари Содир Ҷабборов хуб ҳаст, иттлоъ дод котиботи раисиҷумҳур.
Гуфта мешавад, ки ба Ҷабборова нишони сарисинагӣ бо корти эмгузаронӣ доданд, ки дар он маълумот дар бораи замон ва миқдори ваксина гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар Қирғизистон ваксинаи чинии Vero Cell (Sinopharm) барои ихтиёриён дастрас аст.
Аз сабаби маҳдуд будани вояҳои ваксинаи русии "Sputnik V" бо он танҳо шахсони аз 65-сола боло ва беморони музмин эм карда мешавад.
Тибқи маълуоти расмӣ дар Қирғизистон аз аввали ҳамагирии коронавирус то имрӯз 103 583 кас мубталои коронавирус шудааст.
То ин дам ин вабои аср ҷони 1 781 қирғизистониро гирифтааст. Ҳамчунин аз аввали ҳамагирии вируси корона то кунун аз коронавирус 97 151 нафар шияо ёфтааст.