Азим Иброҳим сафири Фаронсаро ба ҳузур пазируфт

Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки дар рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса тадбирҳои заруриро роҳандозӣ мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 май - Sputnik. Азим Иброҳим сафири Фаронсаро ба ҳузур пазируфт, хабар медиҳад Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Бино ба иттилои манбаъ, мавзӯи меҳвари мулоқот ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти рушди соҳаи логистика буд.
Азим Иброҳим аз сохтмони пули ҳафтум ба Афғонистон аз сӯи Бунёди Оқохон гуфт
"Масъалаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти рушди соҳаи логистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Сафири Ҷумҳурии Франсия дар Тоҷикистон– Мишел Тарран дар Душанбе баррасӣ гардид", - менависад Вазорати нақлиёт.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо ҷиҳати омӯзиши масъалаи мазкур дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор ва ширкатҳои хусусии кишварҳо ба мувофиқа расиданд.
Мусоҳибон аз ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр карданд, ки барои боз ҳам густариш додани ҳамкорӣ ва мусоидат дар рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон ва Франсия тадбирҳои заруриро роҳандозӣ мекунанд.