Маблағи муштариёни “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” пардохт мешавад: кай ва чӣ гуна

Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри як эълон гуфтааст, ки пасандозҳои муштариёни “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” пардохт мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 май - Sputnik. Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ба диққати пасандоздорони ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” мерасонад, ки маблағи пасандози шахсони воқеӣ бо пули миллӣ то 30000 сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ то 21000 сомонӣ аз ҳисоби хазина пурра ҷуброн карда мешавад, хабар додааст дафтари матбуотии Бонки миллӣ.
Ба иттилои манбаъ, пардохти ҷубронпулӣ ба пасандоздорон тавассути бонк-агент 14 рӯз пас аз санаи қабули қарори суд оид ба барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ пардохт карда мешавад.
Ин ниҳод гуфтааст, ки маблағи боқимондаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар раванди барҳамдиҳӣ аз ҷониби мудири махсус тибқи тартиби муқарраршуда пардохт хоҳад шуд.
Хазина дар навбати худ иттилоъ додааст, ки тамоми имконият ва захираҳоро ҷиҳати пурра ва саривақт дар доираи андозаи муқарраршуда пардохт намудани маблағи ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздорони ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” дорад.
Гуфта мешавад, хазина оиди санаи пардохти ҷубронпулӣ, ҷой, вақт ва бонк-агенти интихобшуда дар воситаҳои ахбори омма эълони дахлдор интишор менамояд. Эълон ҳамзамон дар ташкилоти қарзии барҳамдодашуда ва бонк-агент, инчунин дар сомонаи расмии хазина ҷойгир карда мешавад.
Ҳамзамон, таъкид шудааст, ки паст аз эълони санаи пардохти ҷубронпулӣ мизоҷони “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” , ки барои гирифтани ҷубронпулии суғурта пасандоздорон ё намояндаи онҳо метавонанд дар давоми як сол дар дилхоҳ вақте, ки ба онҳо муносиб аст ба бонк-агент муроҷиат намоянд.
Бонки миллӣ гуфтааст, ки маълумоти иловагиро метавон тавассути телефонҳои 44 6003245, 44 6003545, ё ин ки аз сомонаи хазина www.idif.tj дастрас кард.
Бонки миллӣ "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк"-ро барҳам дод
Ёдовар мешавем, Бонки миллии Тоҷикистон ду бонки буҳронии кишвар “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”, ки ҳанӯз соли 2015 ба ин мушкил печида буданд, барҳам дод.
Дар шарҳи барҳамдии бонқҳо, Бонки миллӣ гуфт, бо вуҷуди дастгирии ҳукумат онҳо натавонистанд аз варшикастагӣ раҳо ёбанд.