ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими пӯшидашавӣ ва ҷоизасупории Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Парасту-2021” бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон баргузор гардид.
Имсол ҷашнвора ҳамчунин ба 80 -солагии Душанбе ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ато Муҳаммадҷонов бахшида шудааст.
Тибқи иттилои Вазорати фарҳанг, Ҷоизаи махсуси ҳайати ҳакамони ҷашнвораи "Парасту - 2021" барои тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ, ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу осоиш ба ҳайати эҷодии Театри ҷумҳуриявии драмаи мусиқии ноҳияи Данғара барои намоиши “Даҳ рӯзи генерал Шерак”-и Иброҳим Усмонов дар таҳияи Саломиддин Додарбеков дода шуд.
Церемония закрытия и награждения победителей Республиканского фестиваля-конкурса "Парасту-2021"
Дар бахши "Дебюти беҳтарин" Мурод Худобахшов барои таҳияи намоиши "Ишқи парӣ"-и Тоҳир Мамадризоев дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода сазовори ҷоиза гардид.
Дар бахши "Беҳтарин нутқи саҳнавӣ" ҷоизаро Саидҷон Муродов барои иҷрои нақши Макбет дар намоиши "Макбет"-и Вилям Шекспир дар Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов сазовор гардид.
Дар бахши "Беҳтарин намоиши бачагона", ҷоиза ба намоиши "Лак ва Пак"-и Нарзулло Шарипов дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Бӯстон дода шуд.
Дар бахши "Беҳтарин ороиши саҳна" Баҳром Сафоев дар опереттаи "Аршин мал алан"-и Узеир Ҳоҷибеков дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ сазовори ҷоиза гардид.
Дар бахши "Беҳтарин ороиши мусиқӣ" ҷоиза барои намоиши "Булбули Хуҷанд"-и Озарахш дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд тақдим гардид.
Дар номинатсияи"Беҳтарин асари драмавӣ" ҷоизаро Ҷумъа Қуддус барои пйесаи "Лаъли Бадахшон" сазовор гардид.
Дар номинатсияи "Беҳтарин нақши эпизодӣ" Муҳаррам Абдураззоқова барои иҷрои нақшаи Саломат дар намоиши "Фариштаи наҷот" -и Уринбой Усмонов дар Театри давлатии ӯзбекии драмаи мусиқии ба номи Шукур Бурҳонови ноҳияи Спитамен соҳиби ҷоиза шуд.
Дар бахши "Коргардони беҳтарин" Султон Усмонов барои таҳияи намоиши "Шикори шер" аз рӯи асари Зайдон Ҷирҷӣ дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ сазовори ҷоиза гардид.
Дар номинатсияи "Беҳтарин нақши мардона" Абдукарим Машрабов барои иҷрои нақши Ҳорунаррашид дар намоиши "Шикори шер" аз рӯи асари Зайдон Ҷирҷӣ дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ сазовор гардид.
Бо номинатсияи "Беҳтарин нақши занона" Мавлонбибӣ Наҷмуддинова барои иҷрои нақши Модар дар намоиши "Гунҷишкакон ҳам механданд"- и Кароматулло Мирзоев дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов сазовор гардид.
Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ барои намоиши "Лаъли Бадахшон" -и Ҷумъа Қуддус дар таҳияи Умед Хисравов сазовори ҷои сеюм гардид.
Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар барои намоиши "Бежан ва Манижа" аз рӯи асари Абдулқосим Фирдавсӣ дар таҳияи Баҳром Қурбонзода сазовори ҷои дуюм гардид.
Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский барои намоиши "Нидои Умари Хайём"- и Темур Зулфиқоров дар таҳияи Баҳодур Миралибеков сазовори ҷои якум гардид.
"Шоҳҷоиза"-и Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Парасту-2021” Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом барои намоиши "Садои қу" аз рӯи асари Антон Павлович Чехов дар таҳияи Авлиёқулӣ Хоҷақулиев сазовор гардид.
Церемония закрытия и награждения победителей Республиканского фестиваля-конкурса "Парасту-2021"
Ёдрас мешавем, ки шоҳҷоизаи ҷашнвораи "Парасту - 20219" - ро намоишномаи Султон Усмонов, коргардони театри ба номи Лоҳутии пойтахт, аз рӯйи романи "Фирдавсӣ"-и нависандаи шинохта Сотим Улуғзода сазовор шуда буд.
Нақши меҳвариро дар он Қурбони Собир бозида буд.