Дар фурудгоҳи Саратов пайгирии шаҳрвандони Тоҷикистон оғоз мешавад: сабаб

Аз 2 июн Роспотребнадзор санҷиши тоҷиконеро, ки ба Саратов меоянд, барои коронавирус оғоз мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 май - Sputnik. Дар фурудгоҳи Саратов "Гагарин" аз 2 июн санҷиши шаҳрвандони Тоҷикистонро барои нишонаҳои сирояти коронавирус оғоз мекунад.
Дар ин бора Олга Кожанова, сардори раёсати минтақавии Роспотребнадзор, дар ҷараёни ҷаласаи шӯрои ҳамоҳангсоз хабар дод.
Мутахассис тавзеҳ дод, ки таваҷҷӯҳи зиёд ба тоҷикон бо барқарор шудани парвозҳо байни Саратов ва шаҳрҳои ҷумҳурӣ марбут аст.
Ҳамин тариқ, аз 2 июн ҳавопаймоҳои "Сибир" ба Тоҷикистон парвозҳоро оғоз мекунанд. Аз Саратов ба Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб парвоз кардан имконпазир аст.
"Хавфҳои иловагии воридоти сироят ба минтақа вуҷуд доранд. Мо набояд ба чунин ҳолат роҳ диҳем. Ҳама тавсияҳои мо бояд риоя шаванд", - гуфт Кожанова.
Вай афзуд, ки кормандони Роспотребнадзор шаҳрвандони Тоҷикистонро тафтиш мекунанд.
Ёдовар мешавем, президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26 январи соли ҷорӣ пирӯзӣ бар коронавирусро эълон кард. Аз зимистон то ҳол дар кишвар ягон ҳодисаи сироятёбӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Росавиатсия парвозҳои мустақимро аз Тоҷикистон ба Сургут иҷозат дод
Хотиррасон мекунем, ки ҳаракати мунтазами ҳавоӣ байни Русия ва Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2021 барқарор карда шуд.