ДУШАНБЕ, 26 мая — Sputnik. Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе эълон намудааст, ки фардо бинобар сабаби гузаронидани корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе кӯчаҳои пойтахт барқ хомӯш мешавад.
Ба иттилои манбаъ, неруи барқ аз соати 09:00 то 17:00 муваққатан қатъ мегардад.
"Бе неруи барқ аз ҷумла кӯчаҳои Сурхоб, Заҳматобод, Сахбо, Саноӣ ва Донишҷӯён мемонанд", - омадааст дар хабар.
Ҳамчунин, кӯчаҳои Айнӣ, Тепаи Шарқии ноҳияи Шоҳмансур ва кӯчаҳои Саъди Шерозии ноҳияи Фирдавсӣ низ муддати 8 соат аз барқ маҳрум мемонанд.
Илова бар ин, сокинони кӯчаҳои Яккачинор, Русулов, Зарафшон 1-2, Бобоҳамдам, маҳаллаҳои Ободкорон, Чағатай, Чортеппа ва Чорякарон ҳам дар ин муддат бидуни барқ хоҳанд монд.
Манбаъ меафзояд, маҳдудияти нерӯи барқ муваққатӣ буда, сабаби он таъмири таҷҳизоти энергетикӣ мебошад.