Зодрӯзи Абуфаттоҳ Шарифов ва таваллуди сокини 9-миллионуми Тоҷикистон: 26 май дар таърих

Рӯзи бисту шашуми май аз Рӯзи байналмилалии забони ғайриоддӣ - эсперанто баргузор мегардад. Ҳамзамон дар Русия аз Рӯзи парашютчиён ҷашн гирифта мешавад
Sputnik

Рӯзи 26 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1788 Ню-Йорк иёлати 11-уми ИМА эътироф гардид.
Соли 1847 Ҷумҳурии Либерия истиқлолияташро ба даст овард.
Соли 1906 дар ИМА Бюрои федералии тафтишотӣ таъсис дода шуд.
Зодрӯзи Хусрав Шанбезода: рӯзи 25 май дар таърих
Соли 1858 Барон Ротшилд аввалин яҳудие буд, ки дар парлумони Англия ба сифати аъзо қабул шуд.
Соли 1993 манати озарбойҷонӣ дар ин кишвар ҳамчун пули миллӣ қабул гардид.

Рӯзи 26 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2011 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ба истифода додани чанд иншооти нави иҷтимоӣ ва мулоқот бо мардум ба ноҳияҳои Хуросони вилояти Хатлон сафар карданд.
Соли 2012 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории амниятию низомии ду кишвари ҳамсоя — Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ карда шуданд.
Соли 2013 Бунгоҳи интишороти "Майванд" китоби Эмомалӣ Раҳмонро таҳти унвони "Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ" бо теъдоди ҳазор нусха, бо хати форсӣ ва бо сифати баланд дастраси хонандагони кишвари ҳамсоя – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гардонид.
Абӯалӣ ибни Сино аз гардиши Зуҳра дар атрофи Офтоб хабар дод: рӯзи 24 май дар таърих
Соли 2014 аз тарафи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ" ба имзо расонида шуд.
Соли 2018 - сокини 9-миллионуми кишвар дар Тоҷикистон ба дунё омад - ин духтаре буд, ки дар таваллудхонаи No1-и пойтахт таваллуд шудааст.

Ҷашнҳои рӯзи 26 май

Рӯзи байналмилалии забони ғайриоддӣ – эсперанто.
Дар Мадагаскар — Рӯзи истиқлолият.
Дар Русия — Рӯзи парашютчиён.

Рӯзи 26 май дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1933 - доктори илмҳои тиб, профессор Хушқадам Қамариддинов.
Соли 1938 - доктори илми ҳуқуқ, профессор Кенҷа Ҳасанов.
Соли 1959 - доктори илмҳои таърих, арбоби давлатӣ Абдуфаттоҳ Шарифов (Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Соли 1969 журналист Мавлуда Раҳматова