Вирусологҳо аз хатари бурузи пандемияи нави хатарнок ҳушдор медиҳанд

Нағзак (чечак, як навъ маризӣ) - и маймун метавонад боиси паҳншавии эпидемияи нав гардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 май - Sputnik. Маймун метавонад сарчашмаи бурузи пандемияи нави хатарнок гардад, менависад РИА Новости.
Манбаъ аз қавли вирусологи рус, профессори Донишгоҳи давлатии Маскав, Алексей Аграновский менависад, ки ин вирус воқеан хатари эҳтимолӣ дорад, аммо ба воҳима афтодан лозим нест.
"Мо бояд мунтазам кор кунем. Вирусҳои ҳайвонҳои гармхун (кӯршапаракҳо, хояндаҳо), хомӯшаку дигарҳоро мавриди омӯзиши қатъӣ қарор диҳем", - шарҳ додааст Аграновский.
Зимнан, ақидаҳои Аграновскийро як ҳамтои дигараш Александр Чепурнов дастгирӣ намуд, аммо гуфт, ки сироятшавии Одам аз маймун дар камтарин ҳолатҳо мушоҳида шудааст.
Номбурда ҳамчунин зикр намуд, ки ҳоло ваксин ҳам алайҳи маризии нағзак мавҷуд аст.
СҶБ вазъи коронавирус дар ҷаҳонро нигаронкунанда меномад
Аммо ваксине, ки алайҳи ин вирус мавҷуд аст, таъсирнокии қавии манфӣ дорад, аз ин рӯ олимон то ҳол дар ин самт омӯзишро идома медиҳанд.
Бояд гуфт, ки маризии нағзак яке аз харобиовартарин бемориҳои вирусӣ буд, ки ҳамеша инсониятро азият додааст.
Аз ҳар даҳ нафаре, ки дардманди ин беморӣ буданд, се нафар ҷон мебохтанд. Онҳое, ки наҷот ёфтанд, аксар вақт маъюб, нобино ё маъюб буданд .