Дақиқ шуд: Путин ва Байден моҳи июн дар Женева мулоқот мекунанд

Раисҷумҳурони Русия ва Амрико муносибатҳои минбаъдаи дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 май - Sputnik. Котиботи Кремл хабар дод, мулоқоти раҳбари Русия Владимир Путин ва президенти ИМА Ҷо Байден рӯзи 16 июн дар Швейтсария баргузор мешавад.
"Тибқи тавофуқи ҳосилшуда, Владимир Путин 16 июн бо Ҷо Байден дар Женева гуфтушунид хоҳад кард", - омадааст дар изҳороти Кремл.
Қайд карда мешавад, ки президентҳо рушди муносибатҳои Русияву Амрико, суботи стратегӣ ва масъалаҳои рӯзномаи байналмилалиро баррасӣ мекунанд.
Яке аз мавзӯъҳои асосӣ мубориза бо пандемияи коронавирус хоҳад буд.
Ин маълумотро маъмурияти Кохи Сафед низ тасдиқ кард. Қаблан CNN бо такя ба манбаъҳо эълом дошт, ки нишасти сарони Русия ва Иёлоти Муттаҳида рӯзҳои 15 ё 16 июн дар Женева баргузор мешавад.
Шӯхии Лавров дар бораи дидори Путин ва Байден
Омодагӣ ба мулоқоти Путин ва Байден аз охири моҳи апрел идома дорад. Ҳамзамон, муддати тӯлонӣ, сана ва макони нишасти сарони ИМА ва Русия номаълум буд.
Қаблан вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд карда буд, ки Маскав ба пешниҳоди Вашингтон дар бораи мулоқот бо Путин ва Байден муносибати мусбат дорад.
"Интизор шудан чандон дароз нест, мавқеи ниҳоии мо дар ояндаи наздик эълон хоҳад шуд", - таъкид кард ӯ.
Ёдрас мекунем, ки Байден ба Путин ҳангоми сӯҳбати телефонӣ, ки дар аввали моҳи март баргузор шуда буд, мулоқоти шахсӣ пешниҳод кард.