Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Парвоз ба Тоҷикистон аз як шаҳри муҳоҷирнишини Русия низ имконпазир шуд

Аз шаҳри Саратови Русия низ парвозҳо самти Тоҷикистон барқарор мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 май - Sputnik. Равобити ҳавоӣ бо Тоҷикистон аз Саратови Русия низ барқарор мешавад.
Нахустин парвози ҳавопаймо дар масири Русия-Тоҷикистон рӯзи 2 июн сурат мегирад.
Дар ин бора Олга Кожанова, сардори департаменти Роспотребнадзор дар минтақа, дар шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба мубориза бо паҳншавии сирояти коронавирус хабар дод.
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Хатсайр аз Иркутск ба Тоҷикистон кушода шуд, вале парвоз номумкин аст: чаро?
Тоҷикистон аввалин кишварест, ки пас аз оғози пандемия бори аввал аз фурудгоҳи "Гагарин" - и Саратов ҳавопаймо парвоз мекунад.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Саратов мехоҳанд назорати санитарию карантиниро пурзӯр кунанд.
Ҳамин тариқ, фурудгоҳ ба онҳое, ки аз кишварҳои ҳамсоя, алахусус аз Тоҷикистон меоянд, диққати махсус медиҳад.
Ёдовар мешавем, Русия аз 1 апрел парвозҳои мунтазам бо Тоҷикистонро аз сар гирифтааст. Ҳамзамон, парвозҳои чартерӣ байни шаҳрҳои Русия ва Тоҷикистон боқӣ мемонанд.