Бохти 20 солаи ҷанги ИМА дар Афғонистон: - видео

Хуруҷ аз Афғонистон тӯлонитарин маъракаи низомӣ дар таърихи ИМА ва бузургтарин фиаскои сиёсии Вашингтон пас аз Ветнам ба поён мерасад
Sputnik
Хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон рӯзи 1 май эълом шуд. Амрикоиҳо ҷанги бистсоларо хотима медиҳанд. Гарчанде ки эътилофи Ғарб як моҳ пас аз ҳамлаи террористии 11 сентябри соли 2001 ба Афғонистон ҳамла кард, аммо таърихи муқовимати Толибон (созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия ) ва ИМА ҳадди аққал панҷ сол пештар оғоз ёфт.
Соли 1996 сарвари Ал-Қоида (созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) Усома бин Лодин аз тарси сӯиқасд ба ҷони худ аз зодгоҳаш Арабистони Саудӣ ба Афғонистон фирор кард.
Ӯ ҳанӯз эътибори "душмани рақами 1-и Иёлоти Муттаҳида" -ро ба даст наоварда буд, аммо вай аллакай раҳбари ғайрирасмии байналмилалии ҷиҳодӣ ҳисобида мешуд.
Тасодуфӣ набуд, ки ӯ ба Афғонистон гурехт - камтар аз 10 сол пеш бин Лодин тавонист худро дар сафи муҷоҳидон, дар муқобили артиши Шӯравӣ, фарқ кунад.
Ва роҳбарияти Толибон (созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия), ки чанде пеш Кобулро забт кард ва қисми зиёди кишварро таҳти назорат дошт, бо омодагӣ ба як шарики собиқ паноҳгоҳ дод.
Коршинос: Истиқрори низомиёни ИМА дар Тоҷикистон ғайриимкон аст
Ал-Қоида * дар Афғонистон неруи нав гирифт ва ба паҳн кардани ғояҳои ҷиҳод ва ташкили ҳамлаҳои террористӣ дар саросари Шарқ шурӯъ кард. Дарвоқеъ, таркишҳои намояндагиҳои дипломатии ИМА дар Танзания ва Найробӣ дар соли 1998 ҳамчун "машқ" - ҳои ҳамлаи террористӣ дар Ню Йорк ҳисобида мешуданд.
Зимнан, Бин Лоден таҳти пайгард қарор дода шуд.
Ҳамин тариқ рӯзи 11 сентябр ин гурӯз яке аз ҳамлаҳои ҳангомадорро дар Ню - Йорк амалӣ намуд, ки дар пай ҳалокати 2 977 нафарро ба бор овард.
Қасри сафед фавран дастандаркори ин амалро аз Толибон талаб кард, аммо пайваста ба хотири надоштани далел ҷавоби рад гирифт.
Ба ҳамин минвол, расо пас аз як моҳи ҳамлаи террористӣ дар Ню - Йорк, Амрико низомиёнашро ба хоки Афғонистон даровард ва тӯлонитарин ҷанг дар таърифи Амрико оғоз ёфт.
Дар аввал амалиёт бомуваффақият анҷом ёфт. Кобул тақрибан бидуни ҷанг таслим карда шуд.
Дар тӯли солҳои зиёд бори аввал занон бурқаҳои худро кашиданд, ба намоишҳои фароғатии, ки аз ҷониби Толибон манъшуда буданд дар телевизионҳо шурӯъ карданд
Аммо ин танҳо оромии пеш аз тӯфон буд. Бӯҳрони Афғонистонро на танҳо фаъолияти террористон, балки бӯҳрони дохилӣ низ шадидтар кард. Ҳуҷуми "интиқолдиҳандагони демократия" боиси барқарор шудани тартиботи демократӣ нашуд - фасод дар кишвар даҳшатангез буд, ҳамаи пулҳои Ғарб зуд дуздида мешуданд, ҳама гуна "номзадҳои озод интихобшуда" аз ҷониби маъмурияти Амрико таҳти назорати шадид қарор доштанд . Бадтарин савдои маводи мухаддир буд.
Агар дар солҳои 2000-2001 ҳукумати Толибон барномаи нобуд кардани маводи мухаддир ва ҷилавгирӣ аз зироатҳои кӯкнорро ҳадафмандона амалӣ карда бошад, пас аз ҷорӣ шудани нерӯҳои ИМА ва НАТО истеҳсоли маводи мухаддир дар кишвар чор маротиба афзоиш ёфт.
ВУХ Русия: Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба низомиёни Амрико ниёз надоранд
Дар соли 2011 нерӯҳои вижаи Амрико бин Лодинро дар Покистон куштанд. пас аз ин, Обама ваъда дод, ки нерӯҳояшро то соли 2016 хориҷ мекунад вале ин кор сурат нагирифт.
Зимнна, Доналд Трамп сари йқудрат омад ва низ ваъда кард, ки сафи неруҳояшро дар Афғонистон коҳиш медиҳад.
Трамп тасмим гирифт, ки нақши худро ҳамчун як сиёсатмадори амалӣ иҷро кунад ва дигар пули Амрикоро барои маъракаи бемаънӣ ва беҳуда сарф накунад.
Трамп рӯирост гуфт - бигзор Кобул мушкилоти худро мустақилона ҳал кунад, вай барои ин маблағи кофӣ ва дастгирӣ гирифт.
Аммо Трамп неруҳояшро берун наовару аз маснади президентӣ рафт. Ҷойи ӯро Ҷо Байден ишғол кард.
Вай эътибори Толибонро* дар назди дигар исломгароён боз ҳам боло бурда, эълом дошт, ки хуруҷ 11 сентябр ба поён мерасад.
НАТО ба хуруҷи Амрико аз Афғонистон низ шубҳа дорад. Берун рафтани нерӯҳои Амрико барои кишварҳои муттаҳид, аз ҷумла 1250 низомии Олмон мушкил эҷод мекунад.
Расман, иҷозати ҳузури нерӯҳои Олмон дар кишвар 31 марти соли 2021 ба охир мерасад, ки ин худ ба созишномаи Амрико бо Толибон* мухолифат мекунад.
Ба гуфтаи дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг, "нархи хуруҷи фаврӣ ё барои ҳамоҳангсозии нокофӣ метавонад хеле баланд бошад" ва Афғонистон боз ҳам "пойгоҳе барои террористҳои байналмилалӣ, ки ҳамлаҳояшонро ба кишварҳои мо тарҳрезӣ мекунанд" шуданаш мумкин аст.
*Созмони террористии мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон.