Дар кӯдакистони Русия нахустин робот-мураббӣ ба кор шурӯъ кард

Сар аз имрӯз нахустин робот-мураббӣ дар кӯдакистонҳои Русия ба кор шурӯъ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 май - Sputnik. Дар Русия яке аз кӯдакистонҳо нахустин робот-мураббиро ба кор қабул кард.
Ин муассисаи томактабӣ дар шаҳри Уренгои нав ҷойгир аст.
Номи ин мураббӣ Promobot буда, ба тарбиятгирандаҳо усули кор бо техникаро ёд медиҳад.
Гуфта мешавад, маҳз бо кумаки ин мураббӣ кӯдакон бо муосиртарин технология шиносоӣ пайдо мекунанд. Мураббӣ донишҳои навро ба кӯдакон тариқи бозӣ ва ё муоширати озод меомӯзонад.
Ихтироъи роботе, ки 5 ҳазор намуди ғизо мепазаду коса мешӯяд - видео
Ширкате, ки роботро таҳия кардааст, боварӣ дорад, ки Promobot ба шогирдони ҷавон дар рушди тафаккури эҷодӣ, инчунин малакаҳои тарроҳӣ ва муошират кумак хоҳад кард.
Эҷодкорони мошини интеллектуалӣ мутмаинанд, ки кӯдакон метавонанд дар тӯли ду дақиқа бо Promobot забон ёбанд.
"Мо чунин мешуморем, ки ин малакаро аллакай дар боғча инкишоф додан лозим аст. Ин кӯдакон дар ҷаҳоне зиндагӣ мекунанд, ки онро тасаввур кардан душвор аст, зеро технологияҳо бениҳоят меафзоянд", - гуфт Олег Кивокуртсев, ҳаммуассис ва директори рушди ширкат.
Promobot- ҳо дар ҷаҳони муосир тадриҷан маъруфият пайдо мекунанд. Феълан аз хизматрасонии ин "мошин"- ҳо дасти кам 40 кишвар истифода мекунанд.