ДУШАНБЕ, 24 май - Sputnik. ЮНИСЕФ ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба Тоҷикистон 4,6 миллион воя ваксинаи муқобили фалаҷ ворид кардаанд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати тандурустӣ
Ба иттилои манбаъ, ин ваксинаҳо дар маъракаи миллии эмгузаронӣ ва иммунизатсия бар зидди фалаҷ-полиовирус истифода мешаванд, ки баргузории он моҳҳои май-июли соли 2021 дар мамлакат пешбинӣ шудааст.
"Дар ҷараёни ин маърака дар нақша аст, ки 1,4 миллион кӯдакони то шашсола аз фалаҷ ваксинатсия карда шуда, системаи масунияти худро аз таъсири фалаҷ мустаҳкам намоянд", - афзудааст манбаъ.
Ба гузориши манбаъ, маъракаи миллии эмгузаронӣ ва иммунизатсия бар зидди фалаҷ-полиовирус аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии СУТ ва ЮНИСЕФ дар доираи Ташаббуси глобалии нест кардани фалаҷ (Global Polio Eradication Initiative) гузаронида мешавад.
“Маъракаи иловагӣ бо маъракаи сафарбаркунии иҷтимоӣ ҷиҳати ҳавасмандкунии ҷомеаҳо барои эмгузаронии фарзандонашон ҳамроҳӣ карда мешавад” – гуфт Зайнаб Ал-Аззавӣ, муовини намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон.
Ба иттилои вазорат, маъракаи иловагӣ оид ба эмгузаронии кӯдакон ҷиҳати пешгирии сирояти вируси фалаҷ аз ду давраи эмкунӣ, мутаносибан аз 31 май то 5 июн ва аз 28 июн то 3 июли соли равон баргузор хоҳад шуд.
Табобати полиомиелит вуҷуд надорад, онро танҳо тавассути истифодаи ваксина пешгирӣ кардан мумкин аст. Агар ваксинаи фалаҷ якчанд маротиба ба кӯдак дода шавад, метавонад ба пуррагӣ ӯро тамоман аз ин сироят муҳофизат намояд, мегӯяд доктор Виктор Олшавский, намояндаи СУТ дар Тоҷикистон.
Ба гуфтаи Олшавский ваксинаи даҳонии полиомиелит бехатар ва муассир аст, ки барои нест кардани фалаҷи атфол дар аксар қисматҳои ҷаҳон истифода шудааст. Истифодаи ваксинаи даҳонии полиомиелит дар Тоҷикистон барои пешгирии сироят ва муҳофизати кӯдакон аз ин бемории вазнин муҳим аст.
Ёдовар мешавем, ки ТУТ дар поёни моҳи март бемории фалаҷи атфол дар Тоҷикистонро эълом карда буд. Тибқи изҳороти расмии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, ин ба сабаби ваксинаҳои саривақтӣ ё набудани он ба амал омадааст.
Аввалин ҳолати полиомиелит дар вилояти Хатлон ба қайд гирифта шуда, сипас ин беморӣ дар деҳоти минтақаи Ҳисор пайдо шуд.