Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода ва Қозидавлат Қоимдодов: чӣ гуфтанд?

Раиси вилояти Суғд бо роҳбари Бунёди Оқохон оид ба рушд дар Тоҷикистон мулоқот кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд менависад, имрӯз, 24 май раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо раиси Бунёди Оқохон оид ба рушд дар Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов мулоқот кард.
Бино ба иттилои манбаъ, Раҷаббой Аҳмадзода дар оғози суҳбат саҳми Бунёди Оқохонро дар ҳалли масоили мубрами ҷомеа ва амалисозии лоиҳаҳо назаррас арзёбӣ карда, ба фаъолияти ин ниҳод баҳои баланд дод.
Аҳмадзода ба сафири Итолиё гуфт, кадом бахши иқтисоди Суғд ба сармоягузорӣ ниёз дорад
"Бо дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истифодаи оқилонаи обу замин, обёрӣ ва азхудкунии заминҳо, таъминот бо оби нӯшокӣ ва дастгирии соҳибкориву бахши хусусӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир мегардад", - омадааст дар иттилои манбаъ.
Дар ин раванд амалисозии лоиҳаҳои гуногун аз ҷониби Бунёди Оғохон оид ба рушд ба манфиати кор буда, нақши ин ниҳоди байналмилалӣ дар пиёдасозии ҳадафҳо хеле чашмрас аст.
Иттилоъ дода шуд, ки Бунёди Оқохон оид ба рушд дар оянда низ тасмим дорад, ки курсҳои кутоҳмуддати омӯзишӣ барои омодасозии муҳосибон ва курсҳои забономӯзӣ ташкил карда, барои таъсиси корхонаҳои хурди истеҳсолӣ сармоягузорӣ намояд.
Дар фарҷоми суҳбат ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ карданд.