Гуруснагӣ дар Афғонистон: беш аз 14 миллион нафар ба камбуди ғизо рӯбарӯянд

Дар Афғонистон беш аз 14 миллион нафар аз гуруснагӣ ранҷ мекашанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 май - Sputnik. Созмони барномаи ҷаҳонии хӯрокворӣ гузориш медиҳад, ки беш аз 14 миллион нафар дар Афғонистон аз гуруснагӣ ранҷ мебаранд, менависад Парс тудей.
Бар хабари манбаъ, камбуди ғизо ба зиндагии ҳудуди 10 миллион шаҳрванди Афғонистонро таҳдид мекунад ва танҳо ҳудуди 11 миллион шаҳрванди афғон аз амнияти ғизоӣ баҳраманд ҳастанд.
Нигарониҳо дар бораи гуруснагӣ дар саросари ҷаҳон афзоиш ёфт
Барномаи умумиҷаҳонии озуқаворӣ мегӯяд, аз ҳар се нафар афғон як нафар аз гуруснагӣ ва камғизоӣ азият мекашад ва вазъ дар моҳҳои наздик бадтар хоҳад шуд.
Ин ниҳод гузориш медиҳад, ки то ҳол танҳо 12 фоизи маблағро барои расонидани кумаки башардӯстона ба гуруснагон дар Афғонистонгирифтааст.
Коҳиши эҳтимолии амнияти ғизоӣ дар Афғонистон дар замоне баррасӣ мешавад, ки ин кишвар дар ҳоли ҳозир бо мавҷи севуми корона рӯ ба рӯ шудааст.