ДУШАНБЕ, 24 май - Sputnik. Мулоқоти Президенти Русия Владимир Путин ва Президенти ИМА Ҷо Байден метавонад дар ояндаи наздик дар Женева баргузор шавад. Матбуоти Швейтсария бо такя ба манбаъҳо дар ин бора менависад.
Мушаххас шудааст, ки мулоқоти раҳбарони Русия ва ИМА шояд ду ҳафта пас баргузор шавад.
Шабакаи NBC инчунин гузориш медиҳад, маъмурияти Байден тахмин мезананд, ки макони мулоқоти путин ва Байден шаҳри Женева шавад.
Ёдовар мешавем, ки мулоқоти Путин ва Байден метавонад моҳи июн дар кишвари саввум баргузор шавад. Он бо ибтикори ҷониби Амрико дар аввали моҳи апрел оғоз шуда буд.
Ин мулоқот бо ибтикори президенти ИМА дар як гуфтугӯи телефонӣ бо раҳбари Русия баргузор шуд.
Шаҳри дигаре, ки эҳтимол макони баргузории нишасти роҳбарони Путину Байден мешавад, Хелсинки аст. Маҳз дар ҳамин шаҳр, Владимир Путин соли 2018 то Доналд Трамп гуфтушунид карда буд.
Зимнан, аксар мақомдорони Амрико кишвари мизбони мулоқоти раисҷумҳуронро Исландия мешуморанд.