ДУШАНБЕ, 23 май - Sputnik. Манижа Сангин, овозхони зодаи Тоҷикистон, дар финали Евровидение - 2021 қариб, ки маҳрум мешуд.
Бино ба иттилои хабарнигори махсуси "МК", сароянда аккредитатсияи барои намоиш заруриро гум кардааст.
Гуфта мешавад, ки дар озмун системаи махсуси гузариш ҷорӣ карда шуд, ки барои таъмини амният зарур аст.
Манижа як қадам монда буд, ки бидуни финали Евровидение -2021 монад, аммо созмондиҳандагони озмун ба ӯ иҷозат доданд, ки ҳунарнамоӣ кунад.
Ҳуҷҷати ҳунарманд ёфт шудааст ё не, муайян карда нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки зодаи Душанбе Манижа Сангин дар финали Евровидение бо рақами 5 ҳунарнамоӣ кард.
Манижа ҳам аз ҷониби ҳакамон ва ҳам аз ҷониби тамошобинон эътироф ба даст овард, аммо ин барои ишғоли мавқеи пешсаф кифоя набуд. Мувофиқи натиҷаҳои овоздиҳӣ, ҳунарманд ҷойи 9-умро ишғол кард.
Ғолибони Евровидение -2021 гурӯҳи Måneskin аз Италия бо суруди Zitti e buoni буданд.