Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия

Ҷои 9 Манижа бо суруди Russian Woman дар Евровидение - 2021

Мақоми зодаи Тоҷикистон ва намояндаи Русия дар Евровидение - 2021 Манижа Сангин муайян шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 май - Sputnik. Манижа Сангин зодаи Тоҷикистон ва намояндаи Русия дар Евровидение - 2021 ҷои 9 - ро гирифт.
Манижа бо гирифтани 204 хол - 104 овоз аз ҷониби доварон ва 100 овоз аз тарафи тамошобинон дар озмуни Евровидение ба даҳгонаи беҳтарин дохил шуд.
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Манижа бо суруди Russian Woman дар финали Евровидение Урупоро ба "по" хезонд - видео
Ӯ дар озмуни бонуфузи Урупо, Русияро бо суруди "Зани рус" намояндагӣ кард.
Манижа дар тан пироҳани калони чархдор дошт, ки аз пораи матоҳое, ки ҳаводорони ӯ аз тамоми гӯшаи Русия барои омода намудани ин либос ирсол намуданд, дӯхта шудааст.
Ба ҷузъ аз пироҳани ғайриоддӣ Манижа дар сар рӯймоли калон бастааст.
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Аз азобҳои модар то гиряи Манижа Сангин – суҳбати Муаззамахон Умарова
Зимни баромад, Манижа ин пироҳани калонро мекашад ва дар либоси сурх бо навиштаҷоти Зани рус мемонад.
Матни суруде, ки бо он Манижа Русияро дар Евровидение муарифӣ мекунад. моли худи ӯст. Мусиқии ин суруд дар ҳамдастӣ бо оҳангсозони исроилӣ Ори авни ва Ори Каплан омода шудааст.
Омодагии Манижа ба озмуни Евровидение аз моҳи март шурӯъ шуд ва нахустин тамрини ӯ дар Роттердам авоили моҳи ҷорӣ сурат гирифт.