ДУШАНБЕ, 23 май - Sputnik. Сарояндаи гурӯҳи роки итолиёвӣ Måneskin, ки ғолиби Eвровидение - 2021 шуд, қурбонии образи худ шуд.
Пас аз даври ниҳоии Eвровидение Дэвид Дамиано, шимаш ба маънои томаш канда шуд. Аммо, ин тааҷҷубовар нест, гурӯҳ аз Итолиё бо костюмҳои танг баромад карданд.
Бассисти гурӯҳ Виктория Де Анҷелис дид, ки шими солист аз сабаби он, ки ӯ хурсандона дар саҳна ҷаҳид, дариданд.
Ин ҳолат боиси хандаи ҳамаи аъзоёни гурӯҳ шуданд. Ва солист ба хотири ҳайратовар он чизеро, ки оғоз карда буд, ба итмом расонд ва шимашро пурра канда, баданашро бештар бараҳна кард ва ба аксбардорӣ оғоз кард.
"Вақте ки шумо чунон рок-н-рол ҳастед, ки шиматон дар Евровидение канда шудааст", - ин аст сарлавҳаи видео дар саҳифаи расмии Twitter - и озмун.
Ёдрас мешавем, ки дар натиҷаи овоздиҳӣ Итолиё 524 имтиёз ба даст овард. Мувофиқи овозҳои ҳакамон, гурӯҳ дар ҷои 4-ум монд ва барои баромад тамошобинон ба овозхонҳо шумораи ҳадди аксар овозҳоро доданд.
Гурӯҳи Måneskin дар Итолиё соли 2015 ташкил шудааст. Ба он овозхони асосӣ Дэвид Дамиано, бассист Виктория Де Анҷелис, гиторнавоз Томас Раҷӣ ва Этан Торкио дохил мешаванд.
Мэнескин дар тарҷума аз забони даниягӣ маънои "нури моҳ" - ро дорад.