Марҳилаи ниҳоии озмуни Eurovision-и имсола бинобар як сол ба таъхир афтодани намоиш бо сабаби як қатор маҳдудиятҳои дар ҷаҳон ва дар кишварҳои Аврупо, таваҷҷӯҳи зиёдро ба худ ҷалб кард.
Сарояндагон аз 26 кишвар барои пирӯзӣ дар финал мубориза бурданд. Пешсафони сабқат Малта, Сербия, Фаронса ва Италия буданд.
Ду иштирокчии охирин, ба ҳайси кишварҳои мизбони "Евровидение" дар нимфинал ҳунарнамоӣ накарданд.
Бо вуҷуди ин, маҳз онҳо аз рӯи натиҷаҳои овоздиҳии умумии тамошобинон ва ҳайати доварони босалоҳият аз 39 кишвар ба ҷои аввал баромаданд.
Пирӯзӣ ба гурӯҳи роки италиявӣ Måneskin насиб гардид. Ва ҷои дуввумро овозхони фаронсавӣ Барбара Прави гирифт.
Манижа аз Русия танҳо дар сафи 9-ум қарор дошт, гарчанде ки суруди ӯ дар YouTube бештар бинанда пайдо кард ва бисёр тамошобинони аврупоӣ ҳунарнамоии ӯро дар нимфинал писандиданд.