Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия

Бобои маъруфи Манижа Сангин: журналисти дузана, чекист ва аз авлоди Шайх Камол

Манижа Сангин ягона чеҳраи маъруфи хонаводааш нест. Аҳли хонавода мегӯянд, шаҷараи бобояш Тоҷӣ Усмон то Шайх Камоли Хуҷандӣ мерасад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 май – Sputnik. Тафсилоти зиндагии Тоҷӣ Усмон, бобои овозхони маъруф Манижа Сангин аз сари бадгӯёнаш оби сард мерезад.
Ӯ журналист, узви тими амниятии нишасти “сегонаи бузург” дар Теҳрон, адиб, муҳаққиқи адабиёт, соҳиби ду зан ва аз пайвандони классики адабиёти форсу тоҷик Шайх Камоли Хуҷандӣ буд.
Манижа Сангин, духтари Наҷиба, фарзанди Тоҷӣ Усмон, яке аз шахсиятҳои маъруфи солҳои 30 ба 60 – и Тоҷикистони Шӯравӣ аст.
Тоҷӣ Усмон (Тоҷӣ Усмонов) 12 июли соли 1906 дар деҳаи Унҷии ноҳияи Хуҷанд (ҳоло Бобоҷон Ғафуров) дар оилаи чоряккор (деҳқон) ба дунё омадааст.
Ҳарчанд аз номи русҳост: фахри Раҳмон аз Манижа баъди баромадаш дар Евровидение
Соли 1926 мактаби ибтидоии зодгоҳ, соли 1927 омӯзишгоҳи хоҷагии қишлоқи Бухоро, соли 1933 факултаи журналистикаи Университети ба номи Ленини Осиёи Миёна дар шаҳри Тошкандро хатм карда, як муддат муҳаррири “Тоҷикистони сурх” (ҳоло “Ҷумҳурият”), баъдтар бо қарори Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Ӯзбекистон сармуҳаррири рӯзномаи “Бо роҳи ленинӣ” (ҳоло “Хуҷанд”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) буд.
Анвар Усмонов, набераи Тоҷӣ Усмон, устоди таърихи мактаби миёнаи шаҳраки Унҷӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, бобояш соли 1934 дар ҷаласаи “тозакунии ҳизб”, ки дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ бо фармони Иосиф Сталин иҷро мешуд, бо ширкати шахси Шириншоҳ Шоҳтемур, раҳбари вақти Тоҷикистон, муҳокима шуд ва “тоза” баромад.
Аз ҷумла ин нукта аз корномаи ӯ зикр шуд, ки Тоҷӣ Усмон дар Бухоро сардори як отряди мубориза бо босмачиҳо Баҳром ва Рӯзибой Қурбошӣ буд.
Аммо ин ҳама ба дардаш нахӯрданд. Моҳи августи соли 1937 Тоҷӣ Усмон ва Саидхӯҷа Урунхоҷаев, раиси маъруфи колхози Унҷиро дар як рӯз боздошт ва “душмани халқ” эълон намуданд.
"Бобоям аз зиндон ба як ҳамдеҳааш ба номи Абдулло, ки дар НКВД –и шаҳри Бекобод кор мекард, мактуби бегуноҳӣ менависад. Азбаски бобоямро худи Сталин, Ворошилов ва дигар роҳбарони Шӯравӣ мешинохтанд, ӯ ва Ӯрунхӯҷаевро соли 1939 “сафед” карданд”, - гуфт Анвар Усмонов.

Берун аз ҳолнома

Дар бораи зиндагии Тоҷӣ Усмон дар даҳаи 40 – и асри гузашта ҳолномаи расмии ӯ хомӯш аст. Аммо ин давраи ҷолибтарини зиндагии ӯст.
Бино ба як ҳолномае, ки бо дасти худи ӯ навишта шудааст ва аз сӯи пайвандонаш дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор гирифт, соли 1940 Тоҷӣ Усмон ба Артиши сурхи коргару деҳқон (РККА) ҷалб шуда, то соли 1944 дар Сарраёсати сиёсӣ (ОПУ), баъд Шӯрои низомии Округи низомии Осиёи Миёна кор кардааст.
“28 марти соли 1944 бо фармони Комиссариати халқӣ (вазорат) - и дифоъ ман ба сафари хидматӣ ба ҷабҳаи Закавказе барои кор дар Эрон рафтам, ки он ҷо вазифаи мудири масъули идораи рӯзномаи “Ахбори тозаи рӯз” – ро, ки ба забони эронӣ нашр мешуд, ба зимма доштам. Барои кори хуб дар Эрон борҳо сипоснома ва мукофотҳои арзишманди Шӯрои низомии Артиши 4 – умро сазовор шудаам”, - навиштааст Тоҷӣ Усмон.
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Исми ҷавони дӯстдоштаи Манижа маълум шуд
Дар ҳамин ҳол, пайвандони ӯ мегӯянд, соли 1940 ӯ бо мусоидати Михаил Максимов, яке аз дӯстонаш дар Тошканд, ки корманди намояндагии Шӯравӣ дар Майманаи Афғонистон буд, бо баргардонидани афроде, ки ба Афғонистон муҳоҷират карда буданд, машғул мешавад.
Абдуқодир Нурматов, омӯзгори 71 – солаи бознишаста ва набераи духтарии Тоҷӣ Усмон мегӯяд, соли 1942 Максимов консули Шӯравӣ дар Машҳад, сипас мушовири сафир ва баъдҳо сафир дар Эрон, ӯро барои кор дар Эрон ҷалб мекунад.
“Бобоям дар ҳайати тими 11 нафараи Шӯравӣ буд, ки бо иттифоқи мақомоти Эрон масъулияти амнияти мулоқоти раҳбарони “сегонаи бузург” – Сталин, Рузвелт ва Черчилро дар Теҳрон (28 ноябр ба 1 декабри соли 1943) ба ӯҳда дошт. Қабл аз вафоташон аз фаъолиятҳои чекистиашон ба ман нақл мекарданд, аммо он замон ин қабил гапҳоро аланӣ гуфта намешуд”, - мегӯяд Абдуқодир Нурматов.
Дар таъйиди ин суханон Анвар Усмонов низ мегӯяд, дар Эрон низ яке аз фаъолиятҳои Тоҷӣ Усмон ба ҷуз овардани фирориҳои шӯравӣ, ташкили фирори “тӯдаиҳо”, коммунистони эроние, ки таҳти фишори ҳукумати Муҳаммад Ризошоҳи Паҳлавӣ қарор гирифта буданд, ба Иттиҳоди Шӯравӣ буд.
“Яке аз онҳо Ҳилолиён Аскар буданд, ки бобоямро зиёд эҳтиром мекарданд ва боре гуфта буданд: “Агар ман бимирам, дар канори Тоҷӣ Усмон дафнам кунед”. Яке дигар ҳам шоираи маъруф Жола Бадеъ буданд, ки аввал, дар Тоҷикистон, сипас, Озарбойҷон зиндагӣ карда, дар Инглистон вафот карданд”, - гуфт Анвар Усмонов.

Занҳои китобӣ

Дар Тоҷикистон аз ин қиссаҳои зиндагии Тоҷӣ Усмон касе хабар надошт. Ҳатто пайвандонаш мегӯянд, бисёр ҷузъиёти ҳаёти худро бобояшон ифшо накардааст. Аммо ӯро як журналист вамуҳаққиқи адабиёт бештар мешинохтанду мешиносанд.
Кори низомии ӯ соли 1946 ба сар омад. Як муддат дар вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистони шӯравӣ кор кард. Соли 1949 ба Сталинобод (ҳоло Душанбе) баргашт. Муддате ҳам дар вазорати кишоварзӣ фаъолият намуд ва ниҳоят ба “Тоҷикистони Шӯравӣ”, ҳамон рӯзномае, ки аввалин ҷои кораш буд, ба кор омад.
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
"Ош баъди шок": тағои Манижа дар бораи ҷиян, оила, танқидҳо ва шустани пирӯзӣ
Дар ин миён ба маризии қанд гирифтор шуда, соли 1951 аз ҳама гуна корҳо канор меравад. Соли 1954 бо вуҷуди шиддати маризӣ ин чекисту ҳизбӣ ба рӯзномнигорӣ бармегардад ва сармуҳаррири маҷаллаи маъруфи ҳаҷвии “Хорпуштак” таъин мешавад, то шояд охирин лабханди худро ба зиндагиаш занад. Ӯ намедонист, ки ин охирин ҷои кораш аст.
Аммо то дами марг ӯ худро пурра ба корҳои адабӣ мебахшад. Аз ӯ ҳудуди 10 асари бадеӣ ва таҳқиқи адабӣ боқӣ мондааст, назири “Кашфи асрор” (маҷмӯаи ҳикояҳо), “Муборакқадам”, “Лаънаткардаи халқ”, “Духтари ниқобдор” (повестҳо), “Бисту се адиба”, “Шоира Маҳастӣ” ва ғайра.
Дар ин миён “Бисту се адиба” ба наҳваи худ аввалин тазкираи шоирони зани адабиёти форсу тоҷик аст, ки ба рӯзу рӯзгор ва эҷодиёти Робиаи Балхӣ, Исматии Самарқандӣ, Ойишаи Самарқандӣ, Мутрибаи Кошғарӣ, Мӯниса Маҳастии Хуҷандӣ, Сити Хонум, Ҷаҳон Хотун, Меҳрии Ҳиротӣ, Комила Бегим, Шоира Ниҳонӣ, Мунира, духтари Мушфиқӣ, Зебунисо, Зиннату Нисо, Моҳлиқои Ҳайдарободӣ, Лола Хотун, Иффатии Исфароинӣ, Шоира Тоҷуддавла, Мавзуна пардохтааст.
Ин асар ба забони русӣ низ чоп шудааст.
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Аз азобҳои модар то гиряи Манижа Сангин – суҳбати Муаззамахон Умарова
Повести “Духтари ниқобдор” низ аз рӯзгори Робиаи Балхӣ қисса мекунад.

Дузана

Зиндагии шахсии Тоҷӣ Усмон низ ҷолибиҳои худро дорад. Модараш Шарофати Хуҷандӣ аввалин занест, ки дар Тоҷикистон солҳои 20 фаранҷӣ аз сар гирифтааст. Замони зиндагӣ дар Бухоро Тоҷӣ Усмон нахуст ба Бибитӯҳфа ном духтари бухороӣ, ки аз худаш қариб 10 сол бузург буд, хонадор мешавад.
Моҳира Усмонова, духтари Биофтоб, фарзанди бузурги Тоҷӣ Усмон, мегӯяд, бобояш аввал ду писар дошт, ки яке ба номи Икром дар 7-солагӣ аз газидани саг ва дигарӣ, Акмал дар 8-солагӣ аз маризӣ мефавтанд.
“Баъдтар духтари дуввуми он кас Ҳабиба ва писари хурдиашон Аскар ба дунё меоянд. Азбаски бобоям бештар дар Тошканду Эрон зиндагӣ карда, баъд Душанбе омаданд, модарбузургам ба он кас мегӯянд, ки зан гиранд, зеро намехоҳанд ба он шаҳрҳо раванд”, - гуфт Моҳира Усмонова.
. Ҳамин тавр, бобоям аввал Капитолина Богомолова, як хонуми яҳудиро гирифтанд. Ин хонум баъдтар ҳамсари Бобоҷон Ғафуров шуд, афзуд вай.
Нимаҳои дуюми солҳои 50 Тоҷӣ Усмон ба Эргашой Сангинова, як хонуми ҷавони хуҷандӣ, хонадор мешавад. Ин ҷуфт соли 1958 аввал писардор шуд.
Тоҷӣ Усмон ба хотири эҳтироми фарзанди ғӯрамаргаш ӯро Акмал ном ниҳод. Акмал Усмонов ҳам барои гиромидошти номи падар номи писарашро Тоҷиусмон гузошт. Фарзанди дуввумии онҳо Наҷиба, модари Манижа Сангин аст, ки соли 1960 таваллуд шудааст.
Аз миёни артиши фарзандону набераву абера ва чабераҳои Тоҷӣ Усмон зоҳиран Манижа Сангин бештар аз ҳама бо аммадухтараш Моҳира Усмоноваи 73 – сола ва духтари ӯ Замира, ки нахост аксашро гирем, шабоҳат дорад. Аммо Моҳира Усмонова мегӯяд, Манижаро фақат дар интернет дидааст.
Анвар Усмонов мегӯяд, гузаштаҳои Тоҷӣ Усмон дар маҳаллаи Шайх Камоли шаҳри Хуҷанд зистаанд ва Тоҷӣ Усмону Манижа танҳо афроди маъруфи ин хонавода нестанд.
“Бузургони деҳаи мо мегуфтанд, авлоди мо ба Камоли Хуҷандӣ мерасад. Мо як бобои дигар доштем, ки Муҳаммадризо Мударрис ном дошт ва аз зиёиёни маъруфи Хуҷанд дар нимаи дуввуми асри 19 буд. Эҳтимолан дар миёни гузаштагони мо боз афроди маъруф буданд, ки мо онҳоро намедонем ва истеъдоди Манижа ирсӣ низ ҳаст”, - гуфт Анвар Усмонов.
Эргашой Сангинова, модарбузурги Манижа, низ номзади улуми психология ва то охири умр устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Вақте аз Душанбе ба Маскав кӯчидам, пурра тоҷикӣ ҳарф мезадам: Манижа дар бораи хонаводааш
Ҳамсарони Тоҷӣ Усмон дар замони зиндагӣ ва ҳам пас аз маргаш бо ҳам робитаи хуб доштанд. Капиталина Богомолова ва Эргашой Сангинова ҳар замон, ки ба зиёрати қабри ӯ меомаданд, палонҷи худро низ дида, ба оғӯш мекашиданд ва гузаштаҳоро ба ёд меоварданд.

Теппаи Рухак

Қанд ниҳоят Тоҷӣ Усмонро аз по меафканад. Ду соли охири умр ӯ ба Хуҷанд мекӯчад.
Абдуқодир Нурматов мегӯяд, азбаски бузургтарини набераҳои Тоҷӣ Усмон ӯву хоҳараш Моҳира буданд, нигоҳубини бобо ба зиммаи онҳо буд.
“Он замон Мирзо Турсунзода, Раҳим Ҷалил, Зариф Раҷабов, Сотим Улуғзода, Боқӣ Раҳимзода, Абдусалом Деҳотӣ ва дигар бузургони Тоҷикистон ба аёдаташ меомаданд. Қабулу гусели онҳо ба зиммаи мо буд. Мо ҳам аз суҳбати онҳо баҳра мегирифтем”, - гуфт Абдуқодир Нурматов.
Тоҷӣ Усмон 23 октябри соли 1968, дар синни 66-солагӣ, ҷон ба Ҷонофарин таслим кард. Абдуқодир Нурматов мегӯяд, ҳамон рӯз ӯ аз кисаи бобояш як коғаз пайдо кард, ки дар он васияти ӯ ба назм кашида шуда буд.
Мақбараи бобои Манижа Сангин, адиби шиносхта Тоҷӣ Усмон
“Ҳасрат карда буданд, ки орзу доранд тӯйи фарзандони худро бубинанд, аммо ба иллати маризӣ он рӯзҳо дар тақдирашон набудааст. Аммо васият карда буданд, ки он касро дар теппаи Рухаки канори деҳаи Унҷӣ, ҷое, ки овони бачагӣ бо бузу гусфандчаронӣ машғул буданд ва хеле дӯсташ медоштанд, ба хок супоранд”, - гуфт ӯ.
Набераҳо теппаи Рухакро ба як боғи пурдолу дарахт табдил доданд ва онро “Боғи Тоҷӣ Усмон” ном гузоштанд...