ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Роҳбари ЛДПР, Владимир Жириновский вазъи кунунии сиёсиро шадидан интиқод кард ва пешниҳод намуд, ки рӯйхати сиёҳе, ки Русия дорад, такмил дода шавад.
"Киро метавон боз илова кард? Гурҷистон, Украина ва Полша. Бояд дид, ки кӣ Русияро тӯҳмат мекунад, кӣ ба мо халал мерасонад ва онҳоро ба феҳраст шомил кард. Зиёд не, 5-6 кишвар бас аст", - изҳор дошт Жириновский.
Раиси ҳизб ҳатто ҷорӣ кардани бархе таҳримотро нисбати баъзе шахсони алоҳида пешниҳод кард, ки то ба Русия ворид шуда натавонанд.
Ба гуфтаи вай, пеш аз ҳама ба ин феҳраст бояд 50 нафаре шомил шаванд, ки дар бораи Русия изҳороти ноҷо, иғвоангез ва дағал мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯйхати кишварҳои ғайридӯст посух ба ихроҷи дипломатҳои рус аз кишварҳои ғарбӣ буд. То ҳол, дар ин рӯйхат танҳо ду кишвар мавҷуданд: Иёлоти Муттаҳида ва Чехия.
Ба кишварҳое, ки шомили ин рӯйхат шудаанд, як қатор маҳдудиятҳо ҷорӣ карда шудаанд: масалан, намояндагии дипломатии Чехия наметавонад дар Русия бештар аз 19 нафар шаҳрванди Русияро ба кор гирад.
Намояндагии дипломатии ИМА бошад ҳуқуқи ба кор гирифтани ягон шаҳрванди Русияро надорад.
Рӯсия бори нахуст дар бораи таъсиси чунин рӯйхат моҳи апрел хабар дод. Аз аввал, Мария Захарова, намояндаи расмии ВКХ Русия гуфта буд, ки нақшаи шомил кардани Амрико ба ин рӯйхатро доранд.