Вакилони тоҷик маоши панҷрӯзаашонро ба сокинони Кӯлоб фиристоданд

Вакилон барои сохтани ду хона ба сокинони Кӯлоб кӯмак кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 мая — Sputnik. Вакилони тоҷик маоши панҷрӯзаашноро ба сокинони Кӯлоб фиристоданд, хабар медиҳад "Ховар".
Бино бар иттилои манбаъ, ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагон ва хизматчиёни давлатии дастгоҳи ин мақоми олии қонунбарор ба сокинони аз офатҳои табиӣ зарардидаи шаҳру навоҳии Кӯлоб кумак расониданд.
"Онҳо ба сандуқи хайрия музди маоши панҷрӯзаи худро ирсол намуданд", - меафзояд манбаъ.
Донишгоҳи Кӯлоб барои як сокини аз сел зарардида, манзил месозад
Гуфта мешавад, ин маблағ барои бунёди ду хонаи нав кифоят мекунад.
Ёдрас мешавем, ки рӯзи 11 май дар пайи боронгариҳои шадид як қатор шаҳру навоҳии вилояти Хатлон аз сел хароб шуд.
Мувофиқи маълумоти пешакии КҲФ, дар паи фаромадани сел дар вилояти Хатлон 8 кас ҷони худро аз даст дод.
Ҳаимн тавр, дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 3 нафар шаҳрвандон, ки дар дохили автомашинаи сабукрав қарор доштанд, ба ҳалокат расиданд.
Тоҷикобод, Лахш, Сангвор, Рашт ва Нуробод ба Кӯлоб корвони кумак равон карданд
Ҳамчунин, дар шаҳри Кӯлоб 3 нафар шаҳрвандон фавтида, ки аз инҳо 2 нафар дар дохили мошин будаанд ва 1 нафари дигар аз дохили маҷрои селоба пайдо карда шуд.
Дар баробари ин, дар шаҳри Ҳисор низ 1 нафар ҳангоми нигоҳубини чорво бар асари омадани селоба ба ҳалокат расидааст.