ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва корҳои барқарорсозӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ҳамоно идома дорад.
Бар хабари Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ба хотири саривақт анҷом додани супоришҳои роҳбари давлат, аз тарафи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ҷузъу томҳои он, бо ҷалби 320 нафар ҳайати шахсӣ, поксозии маконҳои аз сел зарардида ҷараён дорад.
Манбаъ меафзояд, бо кумаки ин ҳайат ва ҳамчунин бо истифода аз 12 адад нақлиёти оташнишонӣ ва 25 адад мотопомпаҳои обкашию дигар асбобу таҷҳизоти зарурӣ наздики 10 кӯчаву маҳалла, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 50 ва 52, Муассисаи давлатии таълимии "Литсей барои хонандагони болаёқат"-и шаҳри Кӯлоб ва роҳҳои автомобилгард аз обу лойқа поккорӣ карда шуд.
Илова бар ин, ба хотири пешгирии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ дар якҷоягӣ бо хадамоти дахлдори дигари мақомоти корҳои дохилӣ аз тарафи кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД дар манзилу маконҳои аз селу обхезӣ зарардида, бо маҳлули хлору дигар маводҳои зарурӣ корҳои тамизкунию безараргардонӣ анҷом дода шуданд.
ВУД Тоҷикистон, мегӯяд, бо ибтикори Раҳимзода Рамазон роҳбари ин ниҳод дар маҳаллаи Даминзодаи шаҳри Кӯлоб сохтмони хонаҳои истиқоматии сокинони зарардида ба роҳ монда шудааст.