Дар Қирғизистон боз эътироз: дар назди муфтиёт юрт гузоштанд - видео

Ин дафъа сокинони Қирғизистон аз интихоби муфтии кишвар изҳори норизогӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Назди бинои Раёсати мусалмонони Қирғизистон ҳамоиши эътирозӣ мегузарад, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.
Бино бар иттилои манбаъ, дар назди раёсат эътирозгарон, тамошобинон ва рӯзноманигорон ҷамъ омаданд. Иштирокдорони митинг дар ҳавлии раёсат юрт гузоштаанд.
Ба гуфтаи яке аз эътирозгарон Токтобой Назаралиев, онҳо талаб доранд, ки муфтии олии кишварро на Шӯрои уламо, балки мардуми тамоми минтақаҳои кишвар интихоб кунанд.
Эътирозгарон мегӯянд, ки то талаботи онҳоро иҷро накунанд, юрти гузоштаашонро бар намечинанд.
Ҳамчунин эътирозагон муддаиянд, ки Шӯрои уламои кишвар як ниҳоди фасодзада аст.
Интихобот дар муфтиёт 29 май баргузор мешавад. Пеш аз баргузорӣ даъвогарони курсии муфтӣ имтиҳон карда мешаванд, ки имрӯз, 21 май гузаронда мешавад.
Ёдрас мешавем, моҳи феаврал муфтии калони Қирғизистон, Мақсад Токтомушев пас аз изҳороти КДАМ Қирғизистон дар бораи ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ нисбати роҳбарияти Шӯрои уламо истеъфо дод.
Интихоби муфтии нав ба моҳи март ба нақша гирифта шуд, аммо бо далели таҳдидҳо ва иғво интихобот ба таъхир андохта шуд.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз пештар низ мардуми Бишкек ба кӯчаҳо рехта буданд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Гирдиҳамоии табибон дар Бишкек ва талабашон аз мақомот: музди ваъдакардаро диҳед - видео
Дар қисмати шарқии пойтахти кишвар, тақрибан 200 нафар, ки аз қатъи оби ошомиданӣ ба хашм омада буданд, кӯшиш карданд, роҳро банданд.
Аксари ҳозирин гуфтаанд, ки онҳо дар маҳаллаи истиқоматии "Рухий Мурас" зиндагӣ мекунанд ва чанд рӯз аст, ки бе об мондаанд.
Ин нахустин бор нест, ки сокинони шаҳри Бишкек ба эътироз мебароянд. Чанде пеш табибони ин шаҳр эътироз карданд ва аз ҳукумат, талаб доштанд, ки музди ваъдакарда барои мубориза бо ҳамагирии коронавирусро ба онҳо бидиҳанд.
Ҳамчунин гурӯҳе аз ронандагон дар назди бинои ҳукумати кишвар ҷамъ омада буданд ва талаб карданд, ки ба мошинҳои аз Абхазистон воридшуда рақамҳои давлатӣ бидиҳанд.
Ғайр аз ин, рӯзи 15 май дар назди бинои ҳукумати Қирғизистон дар шаҳри Бишкек издиҳом баромада ва аз мардум даъват карданд, ки барои ҳар як мушкили назарногир ба эътироз набароянд.