ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Сароянда Манижа, ки Русияро дар озмуни Eurovision 2021 намояндагӣ мекунад, дар финал таҳти рақами панҷум баромад мекунад, хабар медиҳад сомонаи расмии ташкилкунандагони чорабинӣ.
"Ҳоло мо дар финали калон 26 иштирокчӣ дорем ва метавонем тартиби ба саҳна баромадани онҳоро ошкор кунем", - гуфта шудааст дар иттилоия.
Манижа пас аз гурӯҳи Hooverphonic, ки Белгияро намояндагӣ мекунад, ҳунарнамоӣ хоҳад кард.
Дар финал сарояндагон аз 26 кишвар иштирок мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки марҳилаи аввали Eurovision - 2021 рӯзи 18 май ба поён расид. Дар натиҷаи овоздиҳӣ, инчунин 10 даста ба финал баромаданд - Русия, Норвегия, Исроил, Озарбойҷон, Малта, Литва, Кипр, Шветсия, Белгия ва Украина.
Албания, Сербия, Булғористон, Молдова, Португалия, Исландия, Сан-Марино, Швейтсария, Юнон ва Финляндия дар даври дуюми ниманиҳоӣ ғолиб шуданд.
Даври финалии Eurovision Final - 2021 рӯзи 22 май дар Роттердам баргузор мешавад. Озмун дар соли 2022 дар кишваре, ки намояндааш баранда мешавад, баргузор хоҳад шуд.