Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия

Исми 10 ғолиби даври дуввуми нимниҳоӣ дар Евровидение - 2021 маълум шуд

Тамошобинон ва доварон ҳамакнун иштирокчиёнеро ном бурданд, ки рӯзи 22 май дар финали Евровидение - 2021 ҳунарнамоӣ мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Исми 10 ғолиби даври дуввуми нимниҳоӣ, ки рӯзи 20 май дар Нидерланд баргузор шуда буд, маълум гардид.
Дар ин давр иштирокчиён аз 17 кишвар ба мисли Сан-Марино, Юнон, Чехия, Эстония, Австрия, Лоҳистон, Молдова, Исландия, Сербия, Гурҷистон, Албания, Португалия, Булғористон, Финландия, Латвия, Швейтсария ва Дания ҳунарнамоӣ мекунанд.
Дар асоси овоздиҳӣ танҳо 10 нафар ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд: Албания - Анжела Перистери (Карма), Сербия - Hurricane (Loco Loco), Булғористон - Victoria (Growing Up Is Getting Old), Молдова - Наталя Гордиенко (SUGAR), Португалия - The Black Mamba (Love Is On My Side), Сан-Марино - Senhit (Adrenalina), Исландия - Daði & Gagnamagnið (10 Years), Швейтсария (Gjon’s Tears - Tout l'Univers), Юнон - Стефания (Last Dance), Финляндия - Blind Channel (Dark Side).
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение - 2021: навори пурраи даври дуюми нимниҳоӣ
Ёдовар мешавем, ки соли ҷорӣ 65 - умин ҷашнвораи мусиқии Евровидение - 2021 баргузор мешавад.
Нидерланд ҳаққи мизбон шудани ин чорабиниро пас аз пирӯзии Дункан Лоуренс бо суруди Arcade дар 2019 ба даст овард.
Марҳилаи аввали даври нимниҳоии Евровидение - 2021 рӯзи 18 май ба анҷом расид.
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Назарпурсӣ: Манижа дар Евровидение ҷои чандум мегирад?
Дар маҷмуъ бо ҷамъбасти ду даври нимниҳоӣ 20 сароянда ба финали озмун роҳ ёфтанд.
Ғолиби озмун рӯзи 22-юм эълон мешавад. Давлате, ки намояндааш ғолиби ин озмун мегардад, мизбони Евровидение дар соли 2022 хоҳад шуд.